Ба Рустам Амакиев, фармондеҳи пешини гурӯҳи вижаи “Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз маргаш аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон рутбаи генерал-майор эъто шуд. То замони кушта шуданаш, Рустам Амакиев рутбаи полковникро дошт. Ҳамзамон ба ин фармондеҳ медали “Спитамен” дараҷаи як, дода шудааст.
Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи махсуси "Алфа"-и марбут ба КДАМ-и Тоҷикистон шаби 16-уми сентябр дар мавзеи Гусгеви дараи Ромит ҳангоми задухӯрд бо гурӯҳи марбут ба муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода кушта шуд.
Ба дунболи кушта шудани Рустам Амакиев дар ин амалиёт, полковник Назар Наимов муваққатан ба ҷои Рустам Амакиев иҷрокунандаи раҳбари ин гурӯҳ таъин шудааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ӯ дар ин мақом мемонад ва ё ба ҷояш нафари нав таъин мешавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ дар маросиме, ки дар бинои Гвардияи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандоне, ки дар амалиёт алайҳи генерал Назарзода ва шариконаш ширкат кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супурд.
Холалӣ Амакиев, падари Рустам Амакиев, фармондеҳи кушташудаи гурӯҳи “Алфа” мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ин маросим ба хотири тарбияи фарзанди “ҷоннисори ватан” барояш ташаккур гуфтааст. Холалӣ Амакиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, унвони генерал-майор ва ордени Спитамен дараҷаи якумро бо миқдоре аз маблағ президент имрӯз ба дасташ супурд.
-Ҳоло маро ба хонае мебаранд, ки барои ҳамсару кӯдакони фарзандам тӯҳфа кардаанд. Ҳарчанд, аз даст додани фарзанд мусибати хеле гарон аст, вале аз қадрдонии писарам аз ҷониби худи президент бениҳоят шод ҳастам,-гуфт ӯ.
Ин мард, ки дар ҳоле гиря гулӯгираш карда буд, гуфт, “аз аввал медонист, ки кори писараш кори соддаву осон нест, аммо ҳеҷ гоҳ ӯро ташвиқ накарда буд, то ба кори дигаре гузарад.”
Падари Рустам Амакиев мегӯяд, дар ноҳияи Восеъ инчунин Омӯзишгоҳи касбӣ-техникиро ба номи писараш гузоштаанд. Рустам Амакиев пас аз хатми мактаб-интренати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод муддате дар ин омӯзишгоҳ низ таҳсил карда будааст.
Рустам Амакиев соли 1974 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, оиладор ва соҳиби як фарзанд буд. Соли1997 Донишгоҳи ҳарбии фармондеҳии нирӯҳои десанти ҳавоии шаҳри Рязани Русияро хатм кардааст. Аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон медали "Ҷасорат", "Шараф", дараҷаи 2 ва барои хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.
Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд ва Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд.
Ба ҳисоби мақомот, тайи 12 рӯзи амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев, ва аз тарафи муқобил 27 нафар кушта шуда, 139 тани дигар бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ дастгир шуданд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, алайҳи 100 нафар аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.