Барои ширкат дар ин анҷуман соҳибкорони тоҷики муқими Русия низ даъват шудаанд. Муҳаммади Эгамзод-намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, барои ширкати соҳибкорони тоҷики муқими Русия ва ҳамчунин нухбагони бахши бозаргонии Русия дар ин анҷуман феҳристеро омода кардааст. Ба гуфтаи оқои Эгамзод, ҷалби соҳибкорони тоҷики муқими Русия ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон бори аввал аз забони Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон садо додааст ва ҳамоиши Душанбе аз ҳамон сарчашма мегирад. 9 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон оқои Раҳмон дар мулоқот бо тоҷикон гуфт, ки “Ватани аҷдодии худро фаромӯш накунанд. Ононе, ки имконияти ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ доранд, метавонанд, ки роҳат ба ватан бираванд ва дар зодгоҳи худ корхонаҳои муштараки Русияву Тоҷикистон бунёд кунанд”. Ҳамоиши мазкур аз ҳамин гуфтаҳо сарчашма мегирад.
Солҳои охир намунаи сармоягузории соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, гарчӣ ин сармоягузориҳо то ҳол бо зодгоҳи ҳар яки онҳо маҳдуд мешавад. Агар дар гузаштаҳо онҳо бештар ба сохтмони масҷидҳо таваҷҷуҳ мекарданд ва ба ин васила мехостанд эътибори худро дар байни ҳамдиёрон боло бибаранд, акнун онҳо дарк мекунанд, ки бояд дар ободии диёр ва тарбияи ҷавонон бештар саҳм гузоранд.
Оқои Эгамзод мегӯяд, бо назардошти ин солҳои охир баъзе аз онҳо бемористону мактабҳоро сохта, дар ихтиёри ҳамдиёронашон гузоштаанд. Диловар Муҳиддинов-соҳибкори ноҳияи Фархор дар ҷамоати Ғайрат ба маблағи 1,6 миллион доллар як мактаби замонавии сеошёнаро барои 420 хонанда сохт ва ҳоло шогирдони мактаб дар он таҳсилро идома медиҳанд. Ин соҳибкор ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар зодгоҳаш як маркази тиббӣ низ бунёд кунад. Ба ин марказ дармонгоҳу зоишгоҳ дохил хоҳад шуд.
Ҳамин тавр Фаррух Шарипов-соҳибкор аз ноҳияи Масчоҳ дар зодгоҳаш ба ҷуз аз корхонаи тасфияи пахта мактаберо бунёд кардааст. Абдувоҳид Қаҳҳоров низ дар Исфара як маркази фарҳангиву фароғатӣ сохтааст. Чунин раванд нишонгари он аст, ки соҳибкорони тоҷик ҳоло тавони онро доранд, ки дар Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисод низ, аз ҷумла дар сохтмони корхонаҳои хурду миёна сармоягузорӣ кунанд. Ба ин далел ҳукумат ба онҳо рӯ овардааст ва мехоҳад пеш аз ҳама соҳибкорони ватанӣ имконоти худро ба кор баранд.
Чунин кор дар таърихи муҳоҷирати шаҳрвандони бисёре аз кишварҳои дунё мушоҳида шудааст. Туркия яке аз намунаҳои рӯшани он аст, ки бо кӯмаки сармоягузорони турк аз Аврупову Амрико акнун ин кишвар бо суръати рушди иқтисоди худ даъвои узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро мекунад.
Фурқатҷон Икромов-соҳибкори муваффақи тоҷик дар шаҳри Уфаи
Бошқирдистон мегӯяд, модоме ки чунин ҳамоиши сармоягузорони бурунмарзӣ бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон баргузор мегардад, пас маълум мешавад, ки ҳукумат шароит ва заминаи қонунии чунин сармоягузориҳоро барои онҳо фароҳам хоҳад кард.
Александр Козлов-раҳбари анҷумани тоҷикистониёни Русия дар Чувашия низ яке аз ширкаткунандагони ҳамоиши Душанбе хоҳад буд. Вай мегӯяд, ки ҳоло тоҷикистониён имкон доранд, ки бахше аз сармояи худро ба Тоҷикистон бибаранд ва дар он ҷо корхонаҳо бунёд кунанд.
Даъвати соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои ширкат дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи иҷрои Консепсияи ҷалби ҳамватанон ба барномаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон сурат мегирад. Баъд аз ин даъватҳо сафорати Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия бо ҳамватанон диду боздидҳо ташкил мекунад.
Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ шумораи зиёди ҳамватанон ба Русия ва кишварҳои дигар кӯч бастанд ва ҳоло онҳо, масалан дар Русия, бизнеси худро боз кардаанд ва бо соҳибкорӣ машғуланд. Дар давоми ин солҳо онҳо на танҳо соҳибкори муваффақ шуданд, балки бо ватани худ Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратии худро барқарор кардаанд. Онҳо метавонанд дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Вале ин нукта низ борҳо аз забони соҳибкорон садо додааст, ки қонунҳои андози Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дандоншикан аст ё ришвахорӣ дар сохторҳо садди роҳи онҳо мешавад.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эътироф мекунад, ки бале, қонунҳои андоз дар гузашта гаҳ-гоҳе садди роҳ шудаанд, зеро ин қонунҳо ба такмил ниёз доштанд ва гоҳо унсурҳои ришвахорӣ дар сохторҳои гуногун ташаббуси соҳибкорони бурунмарзиро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ кардаанд.
Оқои Эгамзод мегӯяд, бо вуҷуди ин Имомудин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Русия дар ҷараёни сафарҳои худ ба минтақаҳои Русия бо соҳибкорон дар ин бора сӯҳбатҳо меорояд ва таъкид мекунад, ки барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва барои рушди низоми моливу бонкӣ дар Тоҷикистон ислоҳот анҷом гирифтааст. Ҳатто барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Машваратӣ ташкил шудааст.