Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои марзбонӣ: Cарҳадбонони узбак тирандозӣ накардаанд


Марзи Тоҷикистон бо Узбакистон
Марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Аз 6 сокини деҳаи Ёрии Панҷакент, ки худсарона вориди марзи Узбакистон шуданд, ду нафар бар асари бархӯрд бо мина ба ҳалокат расид ва чаҳор нафари дигар фирор кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, аз 6 нафар сокини деҳаи Ёрии Панҷакент, ки худсарона вориди марзи Узбакистон шуданд, ду нафар бар асари бархӯрд бо мина ба ҳалокат расида ва чаҳор нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҷасади ду нафари кушташуда дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мунтақил хоҳанд ёфт.

Манобеъ дар Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 22 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аслан ба қасди дуздии чорво аз деҳаи Ёрӣ тариқи ҷамоати Фароб 300 метр вориди хоки Узбкистон шудаанд, ки дар натиҷа ба минаҳо бархӯрданд. Манбаъ афзуд, ҳоло чаҳор нафари ин афрод, ки зинда монданд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва мақомоти умури дохилаи ноҳияи Панҷакент талош доранд то шахсияти онҳоро мушаххас намуда ва ба ҷазо кашанд.

Ин манбаъ мегӯяд, аз ин 6 нафар ҳеҷ кадоми онҳо чӯпон ва ё шикорчӣ набудаанд, балки ҳадафи ба яғмо бурдани чорвои сокинони деҳоти наздимарзии Узбакистонро доштанд. Намояндаи Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бо мақомоти марзбонии Узбакистон музокира барои баргардонидани ҷасадҳои ду фарди кушташуда бар асари таркиши мина, идома дорад.

Ҳамзамон, неруҳои марзбонӣ хабари тирпарронии сарҳадбонони Узбакистон ба тарафи сокинони Фаробро рад карданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сардори дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳеч марзбони Узбакистон ба тарафи сокинони ҷамоати Фароб тир накушодааст.”

Зимнан, рӯзи шанбеи 17 октябр мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент гуфтанд, марзбонони Узбакистон ба сӯи панҷ сокини ин ноҳия тир андохтаанд, ки дар натиҷа ду нафари онҳо кушта шуда ва се тани дигарашон захм бардоштаанд. Як манбаъ дар ҷамоати Фароби Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 16 октябр дар ағбаи Ҷумон, ҳаммарз бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд рух додааст.

Он замон ин мақомот гуфта буданд, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи ин ҳодиса гуфтугӯ доранд ва ҷузъиёт ба зудӣ маълум мешавад. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҷасадҳои фавтидагон ва афроди захмӣ дар дасти ҷониби Узбакистон қарор доранд.

Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад ва ҳудуди 80 дарсади он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG