Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонов: Ан-12-и суқуткарда дар Судони Ҷанубӣ қобили парвоз набуд


Ширкати "Антонов"-и Украина эълон кард, ки ҳавопаймои суқуткардаи Ан-12 дар Судони Ҷанубӣ, ки гуфта мешуд ба номи ширкати Asia Airways-и Тоҷикистон сабт шудааст, "қобили парвоз набуд".

Ширкати "Антонов"-и Украина эълон кард, ҳавопаймое, ки рӯзи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ суқут карда ва гуфта мешуд ба номи ширкати "Asia Airways"-и Тоҷикистон сабт шудааст, "аслан қобили парвоз набуд". Ширкати "Антонов" аз ихтироъкорон ё таҳиякунандагони асосии ҳавопаймои Ан-12 ба ҳисоб меравад. РИА Новости бо такя ба дафтари матбуоти "Антонов" гуфтааст, ин ҳавопаймо, ки соли 1971 дар Узбакистон сохта шудааст, хеле куҳна буда, саривақт азназаргузаронии қисмҳои техникияшро анҷом надодааст.

Аммо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр гуфт, ҳавопаймои суқуткардаи Ан-12 ба ширкати “Ала Интернешнл”-и Арманистон мутааллиқ буд ва ин садама ба Тоҷикистон рабт надорад. Юсуф Раҳмонов, сардори Раёсати ҳавопаймоии мулкии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба "Ховар" гуфтааст, дар ҳақиқат аз ин пеш ҳавопаймо дар қайди ширкати хусусии “Asia Airways”- и Тоҷикистон буд, ки дар ҳоли ҳозир фаъолият надорад.

“Мувофиқи шартномаи имзошуда тамоми масъулияти қобили парвоз будани тайёра ба дӯши ширкати ҳавопаймоии Арманистон гузошта мешавад,” -- афзудааст ӯ.

Як рӯз пештар масъулони ширкати тоҷикистонии "Asia Airways", ки ҳавопаймои Ан-12 бо номи он сабт шудааст гуфтанд, ки дар дохили ҳавопаймо он ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд. Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ин ширкат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, халабонҳои ин ҳавопаймо асосан арманиҳо будаанд.

Бино ба хабарҳо, бар асари суқути ҳавопаймои Ан-12 дар Ҷуба, пойтахти кишвари африқоии Судони Ҷанубӣ дастикам 25 нафар ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо рӯзи 4 ноябр ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ суқут кард. Бархе гузоришҳо, шумори кушташудаҳоро то 40 нафар мегӯянд. Намояндагии дипломатии Русия дар Угандаи ҳамсоя гуфт, гузоришҳо дар бораи шаҳрванди Русия будани 5 узви ҳалокшудаи ҳайати сарнишинони ин ҳавопайморо таҳқиқ мекунад. Сухангӯи президенти Судони Ҷанубӣ Атени Век гуфт, ду нафар – як узви экипаж ва як кӯдак – аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд. Расонаҳо мегӯянд, ҳавопаймои АН-12 чанд лаҳза баъди парвозаш суқут кард ва болои моҳигирону сокинон афтод, ки ба навиштаи онҳо дар канори Нили Сафед машғули кор будаанд.

Нарзиқул Ҳамроев мегӯяд, иллати садамаи ҳавопаймои онҳо маълум нест ва мушаххасоташ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқот маълум мешавад. Ба қавли ӯ, ин ҳавопаймо бар асоси қарордод дар истифодаи ширкати “Ала Интернешнл” қарор доштааст, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сабтином шудааст.

"Ҳавопаймо аз ширкати тоҷикӣ аст ва аммо барои истифода ба як ширкати сабтшуда дар Иморот дода шудааст. Мо суғурта ё бима ҳам дорем. Албатта, намояндаи мо дар таҳқиқи ин ҳодиса ҳузур хоҳад дошт ва танҳо таҳқиқ рӯшан мекунад, ки иллати садама чӣ буд. "Ала Интернешл" ба тамоми ин масъалаҳо машғул хоҳад шуд," – афзуд Ҳамроев.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Комсомолская правда"-и чопи Маскав навиштааст, ки ин ҳавопаймо дар тӯли солҳои 2007-2014 дар Арманистон истифода шуда, ҳамагӣ як соли пеш аз ҷониби ширкати тоҷикистонӣ харидорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG