Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси зан ва "ошиқ"-и зани майор барои қатли Нарзуллоев


Додгоҳи вилояти Суғд дар қатли майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев ҳамсараш Дилором Нарзуллоева ва "дӯстдоштаи" ӯ Зариф Болтуевро муҷрим шинохта, аз 25 то 28 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳи вилояти Суғд дар қатли майор Бахтиёр Нарзуллоев, корманди бахши таъмини тартиботи ҷамъиятии Шӯъбаи корҳои дохилии Истаравшан, ҳамсараш Дилором Нарзуллоева ва "дӯстдоштаи" ӯ Зариф Болтуевро гунаҳкор дониста, аз 25 то 28 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки Дилором Нарзуллоева муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард.

Аммо як манбаи Радиои Озодӣ дар додгоҳи вилояти Суғд 19 ноябр гуфт, ки ин ҳукм рӯзи чоршанбе содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва ҷонибҳо барои шикоят аз болои он фурсат доранд.

Манбаъ афзуд, Зариф Болтуев -- сокини 38-солаи Истаравшан дар ин қазия бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҳайси муҷрими асосӣ ва Дилором Назруллоева -- ҳамсари Бахтиёр Назруллоев ва модари ду фарзанд, бар асоси як модда шарики ҷиноят гунаҳкор шинохта шудаанд.

Бахтиёр Нарзуллоев
Бахтиёр Нарзуллоев

Субҳи 13 июли соли ҷорӣ ҷасади майор Бахтиёр Нарзуллоев дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон пайдо шуд, ки дар натиҷаи чанд зарби корд кушта шуда ва омили қатлаш барои пӯшондани изи ин ҷиноят мошини ӯро сӯзонда буд. Ин майор 35 сол дошт ва дар бахши таъмини тартиботи ҷамъиятии шӯъбаи корҳои дохилии Истаравшан кор мекард.

Манбаи мо дар додгоҳи вилояти Суғд мегӯяд, ки ҳамсари Бахтиёр Нарзуллоев бо Зариф Болтуев аз соли 2013 бо якдигар иртибот доштаанд. "Онҳо барои аз байн бурдани садди роҳашон тарҳи қатли Нарзуллоевро мекашанд. Сипас, рӯзи 12 июл Зариф Болтуев худрави майори милисаро дар роҳ нигоҳ дошта, ба тани ӯ панҷ бор бо корд меазанад. Баъдан ҷасадашро дар дохили мошин гузошта, дуртар аз ҷои ҳодиса бурда оташ мезанад," -- афзуд манбаъ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 16 июли соли ҷорӣ дар шарҳи расмии ин ҳодиса гуфта буд, "Зариф Болтуев шаби 12 ба 13 июл Нарзуллоевро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд бо баҳонаи вайрон шудани автомашинааш манъ намуда, аз ӯ балони эҳтиётӣ ва асбоби борбардор (домкрат) мепурсад ва вақте ки Бахтиёр Нарзуллоев аз бағоҷи мошин ба ӯ домкрат доданӣ мешавад, аз пушт ӯро бо зарбаи корд ба қатл мерасонад. Сипас ӯ ҷасадро дар автомашинаи худи милиса ба курсии паси ронанда гузошта, бо мақсади тоза намудани изи ҷиноят, 6-7 километр дуртар ба ҷои пастхамӣ бурда ва оташ мезанад."

Майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997 ба ин тараф ва дар вазифаи нозири калони ШВКД-и шаҳри Истаравшан аз моҳи январи соли 2015 кор мекардааст.

Истаравшан, воқеъ дар 75-километрии ҷанубуғарби Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, яке аз марокизи умдаи иқтисодиву тиҷоратии шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин шаҳр, ки то соли 2000 Ӯротеппа ном дошт, 60 000 аҳолӣ ба сар мебарад. Ҷамъи аҳолии Истаравшан бо 10 ҷамоати атрофаш қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Истаравшан ҳамеша аз манотиқи аз нигоҳи амниятӣ ороми Тоҷикистон маҳсуб мешуд, вале дар солҳои охир аз ин гӯша низ дар бораи фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи май 23 сокини вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Истаравшанро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба мӯҳлати аз 1 то 17,5 сол маҳкум ба зиндон кард. Моҳи март бо айни иттиҳом як сокини дигари Истаравшан ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар тирамоҳи соли 2014 мақомоти Суғд аз боздошти 12 сокини Истаравшан ва Конибодом, ба раҳбарии сокини Истаравшан Наҷмидин Шамсиев хабар дод, ки баъди бозгашт аз Русия ба ҷамъоварии маблағ бо ҳадафи ба ҷанги Сурия фиристодани ҷавонон машғул будаанд. Аз манзили Шамсиеви 28-сола 2 туфангча, як “глушител” ва 85 дона тир мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG