Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Манучеҳру Рустам баъди тақрибан 2 моҳи боздошт дар Узбакистон


Акси Рустам Раҳимов
Акси Рустам Раҳимов

Мақомоти Узбакистон Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимов – ду сокини ҷамоати Хумрии Панҷакентро, ки ҳудуди ду моҳ боз дар боздошт қарор доштанд, рӯзи 10 декабр раҳо кардаанд.

Узбакистон рӯзи 10 декабр Манучеҳр Амонов ва Рустам Раҳимов – ду сокини ҷамоати Хумрии Панҷакентро, ки ҳудуди ду моҳ боз дар боздошт буданд, раҳо кардааст. Манучеҳр Амонов рӯзи панҷшанбе баъди чанд лаҳзаи раҳо шуданаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки марзбонҳои Узбакистон онҳоро аз гузаргоҳи Ойбек - Бӯстон ба тарафи Тоҷикистон гусел кардаанд. Гузаргоҳи Бӯстон дар ноҳияи Мастчоҳ воқеъ аст.

Манучеҳр мегӯяд, ҳамроҳаш Рустам Раҳимов низ озод шуд ва ҳардуро наздиконашон пешвоз гирифта ва онҳо якҷоя ба Панҷакент мераванд. Амимо ин ҷавони тоҷик аз вазъи саломати худу ҳамроҳаш шикоят кард. Ӯ гуфт, "саломати ману рафиқам хуб нест. Зеро тӯли ин муддате, ки дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешудем, шароити боздоштгоҳ тангу сард буд. Рӯи семент хунук буд ва беҳад азият кашидем."

Ин сокини Панҷакент афзуд, дар рӯзҳои аввали боздошт мақомоти Узбакистон қасд доштаанд онҳоро ба ҷурми марзшиканӣ ба додгоҳ кашанд, вале баъди як моҳ тасмим гирифтаанд, ки "депортатсия" кунанд. Ҳоло ин ду нафар як сол аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Узбакистон маҳруманд.

Марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон
Марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон

Манучеҳр дар сӯҳбат бо мо ҳодисаи боздошташ дар субҳи 21 октябр дар лаби яке аз шохобҳои дарёи Зарафшонро ба ёд овард ва гуфт, боздошти ӯ ва дӯсташ ҳангоми моҳидорӣ рух додааст. "Ҳангоми моҳидории мо ду нафар пайдо шуда, бидуни шарҳу тавзеҳ дастгир карданд. Онҳо моро ба зӯрӣ ба тарафи Узбакистон бурданд," – гуфт Манучеҳр. Ӯ афзуд, лаби дарёи Зарафшон дар назди Саразм қаламрави Тоҷикистон аст ва ҳеч интизор надоштанд, ки сарҳадбонҳои кишвари ҳамсоя пайдо шуда онҳоро мебаранд.

Ин сокини Панҷакент гуфт, "бо вуҷуди пурсишҳои мо, ки кӣ ҳастед ва ба куҷо мебаред? ҳеч посух надода ба он тарафи сарҳад бурданд. Мо ба ҷуз аз шасти моҳигирӣ чизи дигар надоштем ва вақте ба тарафи Узбакистон гузаштем, чанд нафари дигар аз сарҳадбонони Узбакистон ҳамроҳ шуда, моро то назди мошин дар зери лагаду мушт бурданд."

Манучеҳр Амонов гуфт, ҳоло дар фикри тақрибан ду моҳи гузаштааш дар боздоштгоҳи Узбакистон нест, балки ҳоло бештар ҳамсар ва моҳидориро ёд кардааст. Амонов пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба ҳайси муллим кор мекард ва 11 октябр бо Мафтуна ном дӯстдоштааш хонадор шуда, ҳанӯз "моҳи асал"-ашонро ба поён набурда буданд.

Ба гуфтаи сокинони манотиқи марзӣ, муайян набудани хатти марзи байни Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Панҷакент баҳонаҳоеро ба дасти сарҳадбонҳо медиҳад, ки сокинони ноогоҳро ба иттиҳоми марзшиканӣ дастгир кунанд. Дар бархе мавридҳо ҳатто ворид шудани сокинон ба хатти марзи эҳтимолӣ, бо фоҷиа анҷомидааст. Аз ҷумла, 16-уми октябри соли равон Содиқ Субҳонови 18-сола, сокини деҳаи Фароб ва Сафаралӣ Тошеви 35-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Ёрии Панҷакент ҳини убур аз хати марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бар асари таркиши мина ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG