Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар ду Бадахшон. Садҳо манзил вайрон шудааст


Зилзилаи шаби 25 ба 26 декабр дар Бадахшони Тоҷикистон хисороте дар пай надоштааст, аммо дар Бадахшони Афғонистон садҳо хонаи истиқоматиро вайрон кардааст.

Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки зилзилаи шаби 25 ба 26 декабр дар ин вилоят хисороте дар пай надошт. Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ба ҳама минтақаҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим, ки ба маркази зилзила наздик будааст, дар тамос шуданд ва маълум карданд, ки заминларзаи ду шаби пеш, дар минтақа хисороти молӣ ва ҷонӣ дар пай надоштааст.

Шаби 25 ба 26 декабр зилзилаи сахт Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро такон дод. Маркази зилзиласанҷии Амрико, маркази ин зилзиларо дар умқи 200 километрии кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Ишкошими Бадахшони Афғонистон -- дар 142 километрии ҷануби шаҳри Хоруғ ва дар 50-километрии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон гузориш дод, ки нерӯи он 6,2 дараҷаи Рихтерро будааст.

Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи маорифи Ишкошим ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дидан карданд ва бо вуҷуди шиддати зилзила, на ба манзилҳои сокинон ва на ба биноҳои давлатӣ, осебе нарасидааст.

Зилзилаи шадид дар Тоҷикистон ва Афғонистон

Аммо мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтанд, бар асари ин зилзилаи 6,4 дараҷаӣ, ки маркази он минтақаи Зебоки Ишкошими ин вилоят будааст, садҳо хона вайрон шудаанд.

Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи мақоми вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси гузоришҳои расида ва тамосҳои телефонӣ бо масъулони минтақаҳои мухталифи ин вилоят, зилзилаи шаби шанбе талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, аммо дар ду вулусволӣ ба мардум хисороти молӣ ворид шудааст. Ба гуфтаи Аҳмад Навид Фурӯтан, дар ноҳияҳои Баҳорак ва Зебок наздик ба 300 хонаи истиқоматӣ вайрон шуда ва шуморе аз чорвои сокин ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Саид Абдуллоҳ Ҳумоюн, раиси мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омори ироашуда ибтидоӣ мебошад ва баъд аз анҷоми баррасиҳо натоиҷи ниҳоиро эълон хоҳанд кард.

Заминларзаи шаби 25 ба 26 декабр ҳамчунин дар шаҳрҳои Пешовар, минтақаи Кашмири Покистон ҳис шудааст. Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, бар асари зилзилаи шаби шанбе, даҳҳо нафар дар минтақаҳои шимолии он кишвар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, як марзбони он кишвар дар як постгоҳи сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон бар асари суқути бом ба ҳалокат расидааст.

Дар моҳи октябри имсол низ зилзилаи 7,5 дараҷаӣ Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Ҳиндро ба ларза дароварда буд, ки дар натиҷаи он дар Покистону Афғонистон ҳудуди 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG