Сокинони деҳаҳои Дӯстӣ, Дӯстӣ-2 ва Ҳалқаҷари ноҳияи Бохтар аз ҳоло тарс доранд, ки дар гармии аввали баҳор сатҳи оби рӯди Вахш боло рафта, боз ба қабристони деҳаи онҳо "ҳуҷум" хоҳад кард. Онҳо мегӯянд, ки дарёи Вахш аз назди мазори деҳаашон гузашта, ҳар сол то панҷоҳ метр қаламрави ин мазорро ҳамроҳи ҷасадҳо фурӯ мебарад.
Ин мазор дар ҳудуди се гектар замини рустои Дӯстии ноҳияи Бохтар ҷойгир буда, сокинони Дӯстӣ-2 ва Ҳалқаҷар низ ҷасади наздиконашонро аз соли 1945 боз дар онҷо ба хок месупоранд. Дар ҳарсеи ин деҳа дар маҷмӯъ 400 хоҷагӣ зиндагӣ дорад.
Амиршо Ятимов чор моҳи пеш модарашро ба хок супурдааст ва аз ҳоло дар ташвиш аст, ки мабодо оби дарёи Вахш қабри модарашро бо худ набарад. Ӯ рӯзи 5 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "аз ин ба баъд намедонем, нафаре аз олам гузарад, мурдаашро дар куҷо бигӯронем? Дили одамон намешавад, ки ҷасади падар ё фарзандаш ё ҳар наздики дигараш ба дарё биравад ва беному нишон шавад."
Ятимов мегӯяд, ҳар субҳ қабри модарашро хабар гирифта, аз будани он пайвандонашро хабардор месозад. Ӯ гуфт, дар замони пойбарҷоии Шӯравии собиқ дар дарёи Вахш корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сурат мегирифт ва имкон намедод, оби дарё ба маҳалли аҳолинишин биравад. "Аммо солҳо боз чунин соҳилмустаҳкамкунӣ сурат нагирифта, дасти Вахшро барои хароб кардани мазори деҳа дарозтар кардааст," -- гуфт ӯ.
Сайдмирзо Одинаеви 64-сола дар канори рӯди Вахш, дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад. Вай 20 соли пеш ҷасади модарашро дар қабристони деҳаи Дӯстӣ ба хок супурд, аммо чанд ҳафтаи пеш рӯди Вахш қабри модарашро вайрон карда, ҷасадро бо худ бурдааст.
Ин марди бознишаста мегӯяд, "чандест, ки қабри модарамро ҷустуҷӯ дорам, пайдо намекунам. Об қабрашро бурдааст. Мехоҳам, ки соҳилро бубанданд, то об қабрҳои боқимондаро набарад."
Натанҳо Саидмирзо Одинаев, балки то даҳ сокини дигари деҳаҳои ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар низ қабри азизони худро дигар пайдо карда наметавонанд. Мизробшоҳ Маҳмадкаримов, сокини деҳаи Дӯстӣ, ба Озодӣ гуфт, ки бо зиёд шудани боришот хатари нестшавии қабристонашон бештар мешавад, аммо онҳо намедонанд, ки қабристонро чигуна ҳифз кунанд.
Ӯ гуфт, "ҳамасола то 50 метр қабристон ба дарё меравад, агар боришот бештар шавад, рахнашавӣ низ бештар мешавад. Ҳоло омодагӣ мегирем, ки қабрҳои дигарро кофта ҷасадҳоро ба ҷойи дигаре бубарем, вагарна ҳамаашон ба об мераванд."
Сокинони деҳаи Дӯстӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки онҳо борҳо ба ҳукумати ноҳияи Бохтар барои мустаҳкам кардани соҳил ё ҷудо кардани замин барои қабристони нав муроҷиат кардаанд, аммо бо гузашти як сол мушкилашон ҳал нашудааст. Толиб Касиров, имом-хатиби масҷиди деҳаи Дӯстӣ гуфт, ки бо машварати муллоҳо то 20 мурдаро аз хок канда дар як қабр гӯрондаанд.
Ҷамшед Холиқов, як масъули идораи ҳолатҳои изтирорӣ дар Хатлон рӯзи 5 феврал дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки тибқи барномаи вижаи соҳилбандии мавзеъҳое, ки зери хатари рахнашавӣ қарор доранд, бояд соҳилбандӣ гузаронида шавад, аммо аз куҷо ин барнома шурӯъ мешавад, маълум нест. Ӯ гуфт, дар Хатлон беш аз 400 мавзеи зери хатари офатҳои табиӣ сабт шудааст, ки дар ин мавзеъҳо натанҳо мазорҳо, балки мактабу масҷид, боғчаҳои бачагона ва заминҳои кишт низ ҳастанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Бохтар ҳудуди 10 деҳа зери хатари рахна шудани соҳил қарор дорад, аммо мушахас нест, ки ин мардум ба манотиқи амн кӯчонда мешаванд ё соҳили дарё дубора мустаҳқам карда хоҳад шуд?