Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мазори Мавлоно Юсуфи Ҳамадониро оташ задаанд


Оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ
Оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ

Афроди ношинос шаби 21 сентябр оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадониро дар деҳаи Чиртаки ноҳияи Ваҳдат оташ задаанд.

Мутаввалии оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ дар деҳаи Чиртак ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ин оромгоҳи қадимӣ шаби 21-уми сентябр, пас аз намози хуфтан аз ҷониби афроди ношинос оташ зада шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, зери ин оромгоҳ як чиллахона мавҷуд буд ва афроди ношинос шабона вориди он шудаанд ва бензин рехта, оташаш задаанд. Бино ба ҳисобҳои пешакӣ, ин мақбара 5 ҳазор доллар аз ин сӯхтор зиён дидааст.

Мутаввалии ин оромгоҳ, ки худро Бекназар муаррифӣ кард, рӯзи 23-юми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо маъмулан то намози шом инҷо мемонем ва баъд ба хона меравем. Афроди ношинос шабонгоҳ тирезаҳоро шикаста, дохили чиллахонаро бензин мерезанд ва оташ мезананд. Дар натиҷа қолинҳову дигар анҷом сӯхта, дуд ҳама ҷоро фаро мегирад. Баъдан дарро шикаста баромада мераванд. Чун ҳамаҷоро дуд пур кард, дигар ягон нишона пайдо накардем.”

Оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ баъди сӯхтор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Мутаввалӣ афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки оташ задани оромгоҳи Мавлоно Юсуфӣ Ҳамадонӣ кори дасти кист. Вале ба гуфтаи вай, ба эҳтимоли ғолиб ин мақбара қасдан оташ зада шудааст ва мақомоти интизомии ноҳияи Ваҳдат низ дар пайи ҷустуҷӯи гумонбарон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Мирзоев рӯзи 23 сентябр дар тамоси телефонӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, тафтиш идома дорад ва "алакай боздоштшудаҳо ҳастанд."

Ба нақли мутаввалии оромогоҳ, Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ дар поёни асри 11 дар пайи шурӯъи низоъҳои мазҳабӣ аз Ҳамадони Эрон, тариқи Балх ба водии Ҳисори Тоҷикистони кунунӣ фирор кардааст. Ӯ меафзояд: “Мавлоно бо мир вохӯрдааст ва мир барояш гуфтааст, ки ҳар куҷое бароят мақбул аст, интихоб кунед ва маскун шавед. Ӯ ҳаминҷоро маъқул карда, чиллахона месозад. Шогирдони Мавлоно хеле зиёд буданд. Пеш аз дунё гузаштанаш ӯ ба шогирдонаш васият мекунад, ки дар ҳаминҷо ӯро хок кунанд.

Сокинони Чиртак мегӯянд, оромгоҳи Юсуфи Ҳамадонӣ як маконест, ки мардуми маҳаллӣ ба он эҳтиром ва эътиқоди хос доранд ва зиёраткунандгони ин оромгоҳ низ хеле зиёд аст. Як сокини ин деҳа дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “мутаваллиён танҳо субҳ огоҳ шуданд, ки оромгоҳро оташ задаанд. Чун вақте барои намози бомдод меоянд, ҳанӯз дуд мебаромад. Ҳатто дар тасаввури кас намеғунҷад, ки кадом гурӯҳ метавонист ба ин амали номатлуб даст бизанад? Замоне буд, ки мардум ба хотири эҳтироми ин оромгоҳ ҳатто аз асп пиёда шуда, аз роҳ мегузаштанд.”

Бо ин ҳол, аллакай тармими оромгоҳ баъд аз сӯхтор шурӯъ шудааст ва корҳои барқароркунӣ идома дорад.

Оташ задани оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ дар ҳолест, ки дар гузашта ҳам ҳамла ба мазорҳову оромгоҳҳо дар Тоҷикистон мушоҳида шуда шуда буд. Аз ҷумла чанд моҳ пеш дар рустои Ревади ноҳияи Айнӣ афроди ношинос санги ҳудуди 30 қабрро шикастанд.

Ҳамин тавр, 3 сол пеш як гурӯҳи номаълум баъзе аз қабрҳои мазори "Ҷаннут-ул-бақия" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ хароб карда буданд. Он замон сокинони ҷамоати Ёваи Бобоҷон Ғафуров низ аз ин ҳодиса изҳори ташвиш карда, онро кори дасти гурӯҳҳои навпайдои исломӣ дониста буданд, ки санг гузоштан, пӯшондан ва панҷара гирифтани қабрҳоро бидъат мешуморанд.

XS
SM
MD
LG