Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар КДАМ: Таъини Воҳидов ба ҷойи Ҷалов


Бар асоси ин тағйирот, муовини нави раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин шуда, намояндаҳои вазорати дифоъ ва корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ низ муайян гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16 феврал дар ниҳодҳои қудратии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, бо қарорҳои нави ҳукумат Фарҳод Воҳидов ​муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Изатулло Файзуллоев муовини аввали сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ва сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон таъин шудаанд. Дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки Фарҳод Воҳидов дар мақоми наваш киро иваз кардааст, аммо дар пайи барканории Абдулазиз Ҷалов дар моҳи октябри соли гузашта як ҷои муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ холӣ буд.

Инчунин, рӯзи сешанбе бо мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Шомуддин Шарипов - сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Муродалӣ Худойбердиев - сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шудаанд. Имрӯз намояндаҳои вазорати дифоъ ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардидаанд.

Бино ба хабари дафтари матбуот, Эмомалӣ Раҳмон афроди тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, "онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона даъват кардааст".

Тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои интизомӣ ва дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон баъди ҷаласаи солонаи ҳукумат дар рӯзи 21 январи соли ҷорӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, бар асоси тағйироте, ки дар аввали моҳи феврал сурат гирифт, Шерхон Салимзода, ки раиси Иттифоқҳои касаба ва собиқ додситони кулли Тоҷикистон буд, раиси нави Оҷонсии зидди маводи мухаддир таъин шуд. Салимзода дар вазифаи наваш генерал Рустам Назарзодаро иваз кард, ки дувумӣ бо фармони дигари раисиҷумҳур раҳбари нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардидааст.

Дар пайи ин тағйирот, Саидамир Зуҳуров сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба нафақа баромад ва ҳоло ба ҷойи ӯ Хайриддин Абдураҳимов таъин шудааст, ки то ин дам раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буд.

Бархе аз таҳлилгарон чунин гаштҳоро асосан на тағйирот, балки бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна дар ҷомаҳои нав медонанд. Онҳо мегӯянд, ки дар пайи ин тағйирот афроди тоза вориди майдон нашуда, балки ҳар он чӣ дар деги ҳукумат солҳо боз меҷӯшад, болои кафлес меояд.

XS
SM
MD
LG