Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Тоҷикистон. Фарзияи Мулло Абдураҳим


Мулло Абдураҳим Каримов
Мулло Абдураҳим Каримов

Рӯзи 25 феврал дар нишасти навбатии бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Мулло Абдураҳим Каримов, аз раҳбарони собиқи мухолифини тоҷик дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сӯҳбат хоҳад кард. Ин гуфтугӯ рӯзи панҷшанбе, соати 16-30 дар маркази “Пойтахт”-и Душанбе доир мешавад. Мулло Абдураҳим Каримов дар гузашта аз аъзои фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ дар минтақаи Кӯлоб буд ва дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба Афғонистон паноҳ бурд. Ӯ соли 1998 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Баъди рафтан аз ин мақом муддате муовини раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир буд ва ҳоло дар Донишкадаи исломӣ дарс медиҳад. Мулло Абдураҳим Каримов дар солҳои охир ба шиддат аз ҳизби наҳзат интиқод мекунад ва барои нақшаш дар ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мардум узр пурсидааст.

XS
SM
MD
LG