Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи душанбеи 7 март хонандагони синфи 5-и мактаби миёнаи рақами 14-и шаҳри Душанбе ба ҳангоми убур аз гузаргоҳи пиёдагарди назди мактаб зери чархи мошини тамғаи Опел мондаанд.
Дар натиҷа Карима Қурбоноваи 11 сола дар маҳали ҳодиса бо осеби ҷиддии косахонаи сар фавтидааст. Сафина Наврӯзова ва Ширин Қаюмова, ду хонандаи дигар бо ҷароҳати ҷиддӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳоло духтурон вазъи саломатии ин ду хонандаро миёна арзёбӣ мекунанд.
Тавре шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҳангоми гузаштан наврасон аз ин роҳ тролейбус ба онҳо роҳ медиҳад, аммо мошини сабукрави тамғаи "Опел", ки аз паҳлуи тролейбус бо суръати баланд мегузашт, ин наврасонро пахш кардааст. Духтарҳо ҳангоми аз роҳ гузаштан даст ба дасти ҳамдигар дода будаанд.
Мақомот ҳоло шахсияти ронандаи мошини "Опел"-ро эълон накардааст. Аммо мегӯянд, ронанда, ки баъд аз пахш карданани наврасон талоши гурехтан кардааст, боздошт шудааст.
Ин аввалин ҳодисаи зери чархи мошин мондани кӯдакон дар назди ин мактаб, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, нест. Мактаби мазкур дар назди роҳи мошингард ҷойгир буда ва волидон аз он шикоят мекунанд, ки дар назди ин мактаб, ки ҳаррӯз аз он даҳҳо кӯдак убур мекунанд, чароғак ё светофор вуҷуд надорад.
Волидон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки борҳо барои насби чароғак дар назди мактаб ба ниҳодҳои марбута муроҷиат кардаанд.
Мақомоти пулис мегӯянд, ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ доранд ва то ҳол расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.