Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон банди қатъи фаъолияти расонаҳоро лағв кардааст


Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди Комиссияи вижа бо шумули рӯзноманигорон бандеро, ки ба Вазорати фарҳанг ҳақ медод бо дархости Додситонии кулл фаъолияти расонаҳоро барои се моҳ қатъ кунад, лағв кардааст.

Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди Комиссияи махсус, ки бо шумули рӯзноманигорон барои баррасии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" таъсис дода буд, бандеро, ки ба Вазорати фарҳанг ҳақ медод бо дархости Додситонии кулл фаъолияти расонаҳоро барои се моҳ қатъ кунад, ихроҷ кардааст.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳшудаи қонуни матбуот баррасӣ шуда ва дар назар аст, дар иҷлосияи навбатии парлумон дубора ба муҳокима гузошта шавад.

Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 8 март ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур дар Шӯрои маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд ва банди “то се моҳ фаъолияти расонаҳоро аз тарафи мақомот боздошта шавад" лағв шудааст.

Вай афзуд, акнун ҳамаи ин салоҳиятҳо ба дӯши додгоҳ гузошта шуда ва дар сурати даъват ба зӯроварӣ, табаддулот ва тундгароиву террористӣ ҳамон расона ва ё рӯзноманигор дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд.

Ба қавли ӯ, феълан тарҳи мазкур дар Кумитаҳои парлумон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бар асоси тағйиру иловаҳои қаблӣ ба Додситони кулл ва додситонҳои тобеи ӯ ҳақ дода мешуд, дар бораи мавориди қонуншиканиҳо аввал ба расонаҳо амри хаттӣ дода ва дар сурати иҷро нашудани ин амр барои қатъи семоҳаи фаъолияти расонаҳо дархост фиристанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон-НАНСМИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки тарҳи қонуни матбуот аз тарафи парлумон баргардонида шуд, дар комиссияе ки барои баррасии он таъсис шуд,раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикитон Зинатулло Исмоилзода ҳамчун намояндаи созмонҳои журналистӣ шомили ин комиссия гардид.

Вай афзуд, созмонҳои журналистӣ ба Комиссияи махсус пешниҳоди худро ироа карда ва ба зарурати ҳазфи тағироту иловаҳо дар мавриди “бо дархости додситонии кулл фаъолияти расонаҳо барои се моҳ қатъ карда шавад” таъкид шуда буд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъули сабти номи расонаҳост, зимни шарҳи тарҳи тағйиру иловаҳои ба қонуни матбуот дар иҷлосияи порлумон дар авоили моҳи феврал гуфта буд, ҳадаф аз қабули тарҳи мазкур ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо аст, на бастани нашрияҳои мустақил.

Аммо баъди эътирози намояндагони расонаҳои хабарӣ дар ҷараёни баррасии тарҳи мазкур Маҷлиси Намояндагон барои бозбинии дубора тарҳи мазкурро баргардонд ва барои баррасии ҳамаҷониба як комиссияи махсус ба раҳбарии вакили полумон Абдуҷаббор Азизӣ таъсис дод.

XS
SM
MD
LG