Ба зудӣ номгӯи боз се иди дигар ба тақвими Тоҷикистон изофа хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21 март дар ҷараёни таҷлил аз Наврӯзи расмӣ дар пойтахти кишвар гуфтааст, ки се рӯзи баъд аз ин ҷашн ба унвони ид ё рӯзҳои махсус таҷлил бишаванд.
Ба қавли ӯ, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон рӯзи 22 март ба унвони рӯзи гӯштигирон, 23 март - рӯзи аспдавонҳо ва 24 март ба ҳайси рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон шавад.
Ҳоло таъини ин се рӯз ё идҳои баъди Наврӯз дар тақвимҳо расман таъйид нашудааст, аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки вақте чунин ҳарфҳо аз забони шахси аввали Тоҷикистон садо дод, баъид аст, ки сарфи назар гардад.
Дар ҳоли ҳозир бар асоси тақвими Тоҷикистон сокинони кишвар дар як сол 13 ид ё рӯзҳои ҷашнро расман таҷлил мекунанд. Ба ин рӯзҳо соли нави милодӣ, рӯзи модар, иди ваҳдати миллӣ, ҷашни истиқлол ва идҳои рамазону қурбон шомил ҳастанд. Бо таъйиди се рӯзи дигари баъд аз ҷашни Наврӯз ин феҳрист каме дигар дарозтар хоҳад шуд.
Дар рӯзҳои иди расмӣ дар Тоҷикистон тамоми корхонаҳо ва идораҳо дари худро баста, сокинон барои хушҳолӣ ҳамроҳи хонавода ва дӯстонашон ба боғҳои фароғатӣ мераванд. Тоҷикистон имсол барои таҷлил аз Наврӯз чор рӯзи таътил эълон кардааст.
Барномаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21 март дар "Наврӯзгоҳ" оғоз ёфта, рӯзи 22 март бо сайругашти оммавии идона дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе идома хоҳад кард. Рӯзи 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав низ чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешаванд. Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавонони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим хоҳад кард.
Наврӯз дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.