Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳордарраро аз Толибон озод карданд


Субҳи рӯзи 17 апрел вулусволии Чаҳордараи вилояти Қундузи Афғонистон аз Толибон озод ва ба назорати нируҳои ҳукуматӣ даромадааст.

Дар ин бора Муниб Амирӣ-фармондеҳи баталиони 6 нируҳои вижаи артиши Афғонистон ё “Командос” ба шабакаи телевизиони маҳалии “Хуршед” хабар додааст.

Вулусволии Чаҳордара дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад ва рӯзи ҷумъа дар ҷараёни амалиёти сартосарии Толибон бо номи “Умар” ба тасарруфи Толибон даромада буд.

Бино ба гуфтаи Амирӣ, дар ҳамла ба вулусволии Чаҳордара 300 нафар шӯришиёни Толиб ширкат карда будаанд. Нисфи онҳоро аз вилояти Ҳилманд ба вилояти Қундуз овардаанд.

Дар ҷараёни амалиёти нируҳои ҳукуматӣ барои озодии ин вулусволӣ тақрибан 50 нафар шӯришӣ кушта ва бештар аз 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Даргирии нируҳои ҳукуматӣ бо шӯришиён дар атрофи шаҳри Қундуз идома дорад.

XS
SM
MD
LG