Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, "Толибон" ва рӯйхати сиёҳ. Тасмими Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?


Раҳбарони "Толибон". Шаҳри Кобул. Акс аз соли 2022
Раҳбарони "Толибон". Шаҳри Кобул. Акс аз соли 2022

Додгоҳи олии Русия рӯзи 17-уми апрел тасмим мегирад, ки "Толибон"-ро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кунад ё на. Агар посух мусбат шавад, пас, Тоҷикистон аз кишварҳои камшуморе дар Осиёи Марказӣ ва миёни шариконаш дар созмонҳои минтақаӣ хоҳад буд, ки ин гурӯҳро ҳамоно дар "рӯйхати сиёҳ" нигоҳ медорад.

То кунун Қазоқистон ва Қирғизистон номи "Толибон"-ро аз қатори созмонҳои террористӣ гирифта, Туркманистону Узбекистон аз оғоз бо "Толибон” равобити нарм доранд ва ин гурӯҳро “террористӣ” ном намебаранд. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, дар остонаи Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар оғози моҳи апрел гуфт, Афғонистонро набояд танҳо гузошт ва ба он ёрӣ кард.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Мавзеъгирии баъдии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, аз эҳтимол дур намедонад, ки Тоҷикистон низ ба иқдоми монанд даст бизанад.

"Шояд. Ин аз вазъияти геополитикиву сиёсии минтақа вобаста аст. Ҳамчунин, ҷаҳон. Барои он ки Аврупо ва Амрико муносибатҳояшонро дигар мекунанд. Ҳоло онҳо ба ин хулоса наомадаанд. Мо ҳоло мавқеи Амрико ва Аврупоро дастгирӣ карда истодаем," – шарҳ дод ӯ.

Таҳаввулоти охири геополитикӣ ва таваҷҷуҳи дубора ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Тоҷикистон ҳамеша аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст. Ҷое, ки аз тобистони соли 2021 то ҳоло гурӯҳи “Толибон” ҳоким аст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии чанд моҳ пеш ин нуктаро мояи нигаронии амиқ донист: “Моро инчунин ҷо ба ҷо шудани ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ба истилоҳ “идеологҳо”-и онҳо аз минтақаи Шарқи Наздик дар Афғонистон нигарон кардааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ дар мавриди робитаҳояш бо гурӯҳи ҳоким дар Кобул чизе намегӯяд, аммо баъзе ҳамкориҳояшро бо “Толибон” дар чаҳорчӯби ниёзҳои башарӣ маънидод мекунад.

Баъзе аз коршиносон ҳар гуна сиёсисозии робита бо “Толибон”-ро хабари баде барои минтақа медонанд. Назири Раҳо, коршиноси масоили сиёсию амниятӣ аз Афғонистон, гуфт, “гумон мекунам, Тоҷикистон бисёр огоҳона дар қиболи “Толибон” тасмим мегирад. “Толибон” наметавонад ба унвони як гурӯҳе, ки ҳоло ба ҳар далеле бар Афғонистон ҳоким шудааст, тарафи муомила ва робитаи дарозмуддат бо кишварҳои ҳамсоя қарор бигирад. Ин гурӯҳ бисёр-бисёр хатарнок аст. Ҳатто агар Русия ба берун кардани ин гурӯҳ аз листи сиёҳ тасмим бигирад, дер нахоҳад поид.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Нақшаи Тоҷикистон нисбат ба "Толибон" чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Таҳлилгарон ин нуктаро ҳам аз эҳтимол дур намедонанд, ки Тоҷикистон зери таъсири шариконаш дар минтақа, аз ҷумла Русия ва Чин маҷбур мешавад, ки сиёсати умумиеро, ки ин кишварҳо дар баробари “Толибон” доранд, бипазирад. Аммо ҳадс зада мешавад, ки зарфиятҳои ифротгароӣ дар минтақа мавҷуданд, ки ин кор метавонад гурӯҳҳои террористиро ба дохили ин кишварҳо бикашонад.

Назири Раҳо
Назири Раҳо

Назири Раҳо гуфт: “Ин бузургтарин хатарест, ки метавонад кишварҳои Осиёи Миёна ва табъан тасаллути Русияро ба лиҳози амниятӣ дар ин манотиқ таҳдид бикунад. Ин кишварҳо зарфиятҳои бунёдгароии қобили таваҷҷуҳе доранд, агар “Толибон” имкони дастрасӣ ва фаъол сохтани ин зарфиятҳоро пайдо бикунанд, шумо дигар Тоҷикистону Узбекистони оромро намебинед. Ин кишварҳо дигар бо як ҷабҳаи хатарноки бунёдгароӣ муқобил хоҳанд буд.”

Тоҷикистон сарфи назар аз ҳамкориҳои ошкору пинҳоне, ки то кунун бо ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон дорад, ҳанӯз ин ҳаракатро дар феҳристи созмонҳои мамнуъ ва террористӣ нигаҳ доштааст. Ҳарчанд сафорати Афғонистон дар Душанбе то кунун дар ихтиёри сафири пештараи Кобул аст, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ борҳо изҳорот додааст, ки зери ҳокимияти “Толибон” фаъолият мекунад.

Расонаҳо дар тобистони соли гузашта навиштанд, ки Саъдӣ Шарифӣ, сафири пештараи Тоҷикистон, дубора ба маъмурияти дипломатияш ба Кобули зери ҳокимияти “Толибон” баргаштааст. Тоҷикистон ин хабарҳоро шарҳ надод.

Бо вуҷуди ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистон бо ҳукумати “Толибон”, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон шаҳрвандони зиёди кишвар барои ҳамкориву робита бо “Толибон” ва гурӯҳҳои террористии зери ҳимояти онҳо дар Афғонистон адои ҷазо мекунанд ва имрӯзҳо низ боздошту ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG