Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон иддао кардааст, ки хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон, дар ҳамлаҳо дар ин кишвар даст доранд. Мақомоти тоҷик то кунун вокуниш нишон надодаанд.
Баёнияи "Толибон" рӯзи 22-юми январ нашр шуд. Комиссияи умури амниятии ин гурӯҳ гуфтааст, дар се соли гузашта ҳамлаҳое дар Афғонистон анҷом шуд, ки нақшаашро дар берун аз ин кишвар рехтаанд. Дар баёния омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон дар ин ҳамлаҳо даст доранд.
"Ҳамлаҳо асосан берун аз Афғонистон тарҳрезӣ мешаванд ва амаликунандаҳои он бо сӯистифода аз пӯшишҳои гуногун аз хориҷ аз Афғонистон омада буданд. Бисёре аз ин ҳамлаҳо аз сӯи хориҷиҳо, ба вижа, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон анҷом шудааст", - омадааст дар гузориши солонаи комиссияи амниятии "Толибон".
Иддаои "Толибон" дар мавриди даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик борҳо аз ҳузури гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта борҳо хостори таъсиси як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон шуда буд.
Баёнияи "Толибон" дар мавриди даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран Афғонистон шоҳиди ҳамлаҳои зиёде будааст. Баъзе аз ин ҳамлаҳоро нерӯҳои мухолифи ҳукумати "Толибон", аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, ба ӯҳда гирифтанд. Гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон дафтар дорад. Тоҷикистон то кунун ҳузури раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар қаламраваш ба таври расмӣ тасдиқ накардааст.
Аз сӯи дигар, робита миёни Кобул ва Исломобод дар ин авохир пуртаниш будааст. Ҳукумати Покистон гурӯҳи "Толибон"-ро барои ҷой додани Таҳрики Толибони Покистон дар қаламраваш муттаҳам мекунад. Баёнияи комиссияи амниятии "Толибон" мегӯяд, Покистон барои мухолифони ин гурӯҳ дар Балуҷистон пойгоҳҳо таъсис дода, онҳоро омӯзиши низомӣ медиҳад.
Покистон таърихан аз "Толибон" ҳимоят мекард ва ин гурӯҳро абзоре барои тақвияти нуфузи худ дар Афғонистон ва ҳифозат аз манофеи стратегии худ дар баробари Ҳиндустон медонист. Идораи истихбороти Покистон ба "Толибон" аз замони ташкил шуданаш кумак мекард ва барои аъзои он паногоҳ ва манобеъ медод.
Пас аз бозгашти дубораи “Толибон” ба қудрат дар соли 2021 робитаи онҳо ба Покистон бад шуд. “Толибон” истиқлоли бештаре пайдо кард ва аз ба расмият шинохтани хати Дуранд (марзи байнулмилалӣ, ки соли 1893 байни Ҳиндустони бритониёӣ (Покистони имрӯзӣ ва Афғонистон таъйин шудааст) сарпечӣ мекунанд.
Дар пасманзари танишҳо байни Исломобод ва Кобул, дар рӯзҳои поёнии соли гузашта Муҳаммад Осим Малик, раиси ISI ё Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон ба Душанбе сафар кард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафари ин мақоми баландпояи амниятии Покистон ба Тоҷикистон пас аз задухӯрд миёни марзбонони ин кишвар ва нерӯҳои “Толибон”-и Афғонистон сурат гирифт. Ин воқеа рӯзи 28-уми декабр иттифоқ афтод. Мақомот дар Душанбе гуфтанд, ки ду тараф вазъи ҳозира ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.