Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комиссия барои ҳисоби зиёни боронгариҳо


Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтанд, барои мушаххас кардани мизони хисороти борони шадиди рӯзҳои ахир дар шаҳру ноҳияҳои кишвар комиссияҳои вижа таъсис шудаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои атрофи Душанбе манозили маскунӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои иртиботӣ осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаааст.

Аз ҷумла, ӯ гуфт: “42 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаҳҳои Зафаробод, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Фурқат, Чӯпонобод ва Пахтакори ноҳияи Ёвон ва майдони кишти пахта зери селу лойқа мондаанд. Пас аз баррасии комиссияи махсуси ҳолатҳои фавқулодда зарари ин ҳодисаи табиӣ муайян мешавад”.

Ҷаноби Нозимов гуфт, барои мушаххас кардани мизони хисороти ворида аз селу боришот дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва намояндагони бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда комиссияҳои вижа таъсис шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳошимҷон Самадов, сокини Душанбе, ки ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, ба дафтари Озодӣ дар Душанбе телефон карда ва аз хароб шудани хонааш дар шаҳри Душанбе бар асари сел хабар дод.

Мубориз Самадов, писари ӯ, рӯзи панҷшанбеи 21 апрел ба Озодӣ гуфт, ки дар рӯзҳои 16-17 апрел ба минтақаи Корхонаи пивобарории шаҳри Душанбе сел омада, дар натиҷа хонаи онҳо ва ҳамсоягон ҷиддан осеб дидаанд.

Мубориз мегӯяд: “Дар натиҷаи борони сахти имрӯз ҳам ба хонаҳои мо об даромад.Ҳозир дар ҳамаи хонаҳо об пур шудааст. Агар боз борони сахт борад хонаи мо чаппа мешавад. Ҳавлии мо чор ҳуҷра дорад, ҳамааш корношоям шудааст. Аъзои оилаи мо 6 нафар. Ману занам дар долон зиндагӣ мекунем. Модарам, додарам ва хоҳаронам ба хонаи хешу табор рафтаанд”.

Ӯ мегӯяд, оилаи онҳо барои кумак ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кардаанд. Намояндагони кумита омада ва бо вазъият ошно шудаанд, аммо то ҳол ваъдаи кумак надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Парвина Саидҷамолова, корманди Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, ин ниҳод сокинони кишварро дар ҳафтаи гузашта аз имкони борандагии шадид, ҷорӣ шудани сел ва фаромадани тарма дар роҳҳои кӯҳистонӣ дар тӯли ҳафта огоҳ карда буд.

Ба гуфтаи хонуми Саидҷамолова, ҳоло давраи боришоти шадид сипарӣ шуда ва дар рӯзҳои оянда боронҳои сел пешбинӣ нашудааст.

Зимнан, бориши шадиди борон дар шаби 18 ба 19 апрел дар ҷамоати "Арал"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боис ба зиёд шудани об дар каналҳои обпарто шуда ва манзили тақрибан сад хонаводаро зер кард. Дар ин ҷамоат дар маҷмуъ 250 хонавода ба сар мебаранд. Мардуми деҳаи Баҳористони ин ҷамоат бим доранд, ки зиёд истодани об дар назди девори хонаҳояшон боис ба зарар дидани пойдевор ва вайрон шудани манзилашон мешавад. Тибқи ҳисобҳои пешакии мақомоти маҳалии ноҳия танҳо зарари расида ба заминҳои наздиҳавлигии хонаводаҳоро 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маъмулан дар фасли баҳор дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мавориди зиёди резиши тармаю сангрезаҳо ва ҷорӣ шудани селу ярч рух дода ва ин ҳаводис ба талафоти ҷонию хисороти молӣ мунҷар мешавад.

Аз ҷумла, дар моҳи июли соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон7 нафар ҳалок ва 5 тани дигар беномунишон шуданд. Селу обхезиҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 600 миллион сомонӣ, муодили қариб 100 миллион доллар хисорот ворид кард ва ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи паёмадҳои ҳаводиси табиӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дархости кумак карда буд.

XS
SM
MD
LG