Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тан аз наздикони Кабирӣ барои "хабар надодан" зиндонӣ шуданд


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Додгоҳии олии Тоҷикистон се тан аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломиро ба иттиҳоми "хабар надодан", ба муддати яксолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Наздикони Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн баъди эълони ҳукми 14 нафар аъзои раёсати ҲНИТ, ҳукми ин се нафарро низ содир кардааст.

Писараммаи Муҳиддин Кабирӣ Ҷамшед Нарзуллоев - мудири ширкати "Бинокор-Сервис", бародари ҳамсари ӯ Маҳмадалӣ Раҳматуллоев, сардори шуъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов ронанда ва хеши ҳамсари Кабириро ҳамакнун барои "хабар надодан" як солро пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Ин се нафар тирамоҳи соли гузашта аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо писари Муҳиддин Кабирӣ ва интиқоли маблағ ба Ҳоҷӣ Ҳалим, (Абдуҳалим Назарзода), генерал ва собиқ муовини вазири дифоъ боздошт шуда буданд.

Онҳо рӯзи 26-уми октябри дар телевизиони Тоҷикистон дар бораи интиқоли маблағ ва теъдоди он ба Руҳулло Тиллозода, писари бузурги Кабирӣ шаҳодат доданд. Аммо Руҳулло Тиллозода ва Муҳиддин Кабирӣ ин шаҳодати хешовандонашон иттиҳомро рад карда гуфтанд, бо Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҷузъ як рафиқи дерина ва салому алейк, ҳеҷ муомила ва рафту омад надоштанд.

Номи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, баъд аз ҳамлаҳои чоруми сентябр расонаӣ шуд ва мақомот ӯро барои ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона айбдор карда, амалиёти густурдаро барои боздошти ӯ ва ҳамроҳонаш роҳандозӣ намуданд. Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16 сентябр дар дараи Ромит ба поён расид ва худи ҳамон рӯз ва як рӯз баъд, бо дастури Додситонии кулл 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам рӯзи 29 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд.

XS
SM
MD
LG