Табибон ба пайвандони Исҳоқ Табаров гуфтаанд, ки ин вакили дифоъ дар пайи сактаи қалбӣ ҷон додааст. Зӯҳро Шерова, ҳамсари Исҳоқ Табаров, рӯзи 13 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ин бора пизишкон ба онҳо маълумотномаи расмӣ додаанд.
"Ин маълумотнома тоза ба дасти мо расид. Ӯ баъди боздошт ва ҳабси писарамон Фирӯз хеле рӯҳафтода шуд ва зиндонӣ шудани Далер ӯро тамоман шикаста кард. Исҳоқ Табаров дар рӯзи зодрӯзаш аз ин дунё рафт," - гуфт ӯ.
Қаблан хонаводаи Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав" – гуфта буданд, ки табибон сабаби бемории ӯро ташхис карда натавонистаанд ва, ҳамин тавр, иллати маргаш низ номуайян боқӣ мондааст. Аммо онҳо гуфтанд, ки тайи моҳҳои охир нафасгирии ӯ мушкил шуда, якбора 20 кило вазнашро ҳам аз даст дода буд.
Исҳоқ Табаров 61 сол ва чор фарзанд - се писару як духтар - дошт.
Ин вакили дифои саршинос шомгоҳи 12 июн дар бемористони "Якум Советский"-и шаҳри Душанбе даргузашт ва рӯзи 13 июн дар зодгоҳаш - шаҳри Ваҳдат ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ Маҳмудҷон Қосимов, яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав", Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ ва гуруҳе аз ваиклони дифоъ иштирок доштанд.
Маҳмудҷон Қосимов дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки Исҳоқ Табаров дар кори худ сарсупурда буд ва барои ҳамин бо вуҷуди фишорҳои зиёд ба худу хонаводааш аз ҳимояти Зайд Саидов дар се соли охир даст накашидааст.
Cафар Ҳомидов, корманди собиқи Додситонии кулл, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки Исҳоқ Табаров фаъолияташро аввал ба ҳайси додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат оғоз карда, сипас ба кори адвокатӣ гузаштааст. "Аз солҳои 90-ум ба ин тараф, баъди истеъфояш аз додгоҳ, пурра ба фаъолияти адвокатӣ гузашта буд ва тайи ин солҳо ҳамчун инсони бовиҷдон, росткор ва адолатҷӯ кор мекард. Мо медонистем, ки ӯ ҳамроҳи мардум буд ва дар ҳар ҳолат барои расондани кумаки ҳуқуқӣ оқибнишинӣ намекард," - афзуд ӯ.
Даргузашти Исҳоқ Табаров дар ҳолест, ки ду писараш ҳанӯз дар зиндонанд. Далер Табаров, писари дувуми Исҳоқ Табаров аввали моҳи ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба муддати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳ ӯро ба иттиҳоми "хабар надодан" равонаи зиндон кард. Далер Табаров рӯзи 28 феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд.
Ду ҳафта пеш аз боздошти Далер, бародараш Фирӯз Табарови 27-сола, писари калонии Исҳоқ Табаров аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд.
Созмонҳои мудофеи озодии баён он замон гуфтанд, ки мавриди пайгард қарор додани фарзандони Табаров идомаи фишор болои ҳимоятчиёни ҳуқуқии Зайд Саидов мебошад, ки баъди эълони нияти ташкили як ҳизби сиёсӣ баҳори соли 2013 боздошт ва декабри он сол ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.
Худи Исҳоқ Табаров ҳам гуфта буд, ки муҷозоти фарзандонаш ба фаъолияти касбии ӯ дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи соҳибкори маъруф рабт мегирад. То Исҳоқ Табаров, адвокати дигари Зайд Саидов Фахриддин Зокиров ҳам як дафъа зиндонӣ шуда, вакили ошкоргӯяш Шӯҳрат Қудратов барои нияти додани пора ба мӯҳлати 3,5 соли зиндон маҳкум шуд.