Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 30-юми июн бо аксарияти орои вакилон созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии ду кишварро якҷониба бекор кард.
Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, имрӯз зарурати созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии ду кишвар нест ва аз вакилон хоҳиш кард ин созишномаро, ки соли 2004 тасвиб шуда буд, бекор намоянд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар шарҳи зарурати бекор кардани ин созишнома гуфт, ин созишнома метавонист боиси сар задани баъзе баҳсҳо дар таъин кардани марзҳои кишвар шавад ва аз ин рӯ ҳукумати кишвар пешниҳод кард, ки он якҷониба бекор карда шавад.
Аз ин қабл Азизмуҳаммад Холмуҳамадзода, узи Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфта буд, ки пас аз тасвиби Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар 8 августи соли гузашта, дигар ба ин созишнома ниёзе намондааст. Ӯ гуфт: "Дар қонуни нав тартиби қабул ва баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон муайян шудааст. Аз ин лиҳоз, Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ бекор карда мешавад."
Ба гуфтаи вакилон, ҳангоми баррасии масъалаи бекор кардани ин созишнома мавридҳои дигар, аз ҷумла, ба хотири имтиёзҳои шаҳрвандии Қирғизистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ва гурези бархе аз сокинони қирғизтабори Тоҷикистон аз хидмати артиш дар назар гирифта шудааст.
Зимнан, ҷавонони минтақаҳои наздик ба марзҳои Қирғизистон ба хотири фирор аз хидмати сарбозӣ дар артиши Тоҷикистон роҳи осон - шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт мекунанд. Дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон барои сокинони қирғизтабори ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) бисёр осон буда ва дар муддати аз чор то шаш моҳ метавон онро ба даст овард.
Гуфта мешавад, онҳое, ки шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд, бо додани 175 сомони қайди шашмоҳаи Тоҷикистонро ба даст меоранд ва бо тамом шудани мӯҳлат дубора ба Қирғизистон мераванд.
Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ моҳи майи соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва системаи дарёфти шаҳрвандиро барои сокинони ин ду кишвар содда кардааст. Дар матни ин созишнома омадааст, ин иқдом "ин иқдом ба хотири ҳифз ва таҳкими равобити дӯстии таърихӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ барои эҳтироми ҳаққи интихоб ва дарёфти шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам кардан" анҷом шудаст.
Тибқи ин санад шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ҳудуди яке аз ин кишвар ҳамсар, падару модар, хоҳару фародар, фарзанд ё бобо ё бибиашон зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба таври содда шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд. Муддати будубош маҳдудият надорад.
Амали ин созишнома пас аз 6 моҳи дарёфти огоҳиномаи хатии яке аз ҷонибҳо дар бораи имконпазир набудани иҷрои он қатъ мегардад.
Тоҷикистон бо Русия низоми душаҳрвандӣ дошта, ба истиснои Узбакистон, Туркманистон ва кишварҳои Соҳили Балтик бо давлатҳои дигари пасошӯравӣ низоми раводид надорад. Туркия низ ба таври якҷониба барои шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррароти визаро лағв кардааст.