Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо як сафари корӣ ба Қирғизистон рафтааст. Масъулони дафтари матбуоти Додситонии кулл 11 июл ба Озодӣ гуфтанд, ки Юсуф Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои қирғизаш Индира Ҷолдубоева дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Додситонии кулли Қирғизистон низ бо пахши хабари расмӣ гуфтааст, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ тариқи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистонро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.