Чаҳор сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки ба қазияи боздошти писарони онҳо шахсан расидагӣ кунад. Онҳо иддао доранд, писаронашон бидуни кадом далел боздошт шуда ва гӯё таҳти шиканҷа иттиҳоми иштирок дар ҷанги Сурияро ба гардан гирифтаанд. Иддаое, ки на муфаттиши парванда ва на намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон қабул надоранд.
Моҳи марти соли ҷорӣ кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ 32 сокини ноҳияи Дӯстиро ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт карда ва ба Душанбе оварданд. Баъдан 24 нафари онҳо озод шуда, 8 нафари дигарашон то ҳол дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.
Маҳмадулло Маҳмадаминов, сокини ноҳияи Дӯстӣ, 12 июл ба дафтари Радиои Озодӣ омада ва гуфт, писараш Исломиддин тақрибан чор моҳ боз дар боздоштгоҳи якуми шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ гуфт, писараш ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё моҳҳои июн, июл ва августи соли 2014 ба Сурия рафтааст. Дар ҳоле ки, ба қавли Маҳмадаминов, "ин дурӯғи маҳз аст. Писарам ҳафтуми июли соли 2014 аз Русия ба ватан баргашта ва 12 август арӯсӣ карда буд."
Мазорӣ Хушаков, яке дигар аз даъвогарон мегӯяд, писараш Амирҷони 28-сола соҳиби се фарзанд буда, баъди ихроҷ шуданаш аз Русия ба ҳеч куҷо нарафта буд. "Президенти мӯҳтарам, ин қазияро боадолатона дида бароед. Писарам 5 ноябри соли 2014 аз Русия бо автобус ба Тоҷикистон омад. Аз ҳаққи рафтан ба Русия маҳрум шудааст. Дар муддати 2,5 сол дар ноҳия аробакашӣ мекард. Кормандони Шӯъбаи 6-уми ВКД писарамро дастгир карда ва ба Душанбе оварданд. Сабабашро ба мо нагуфтанд," – афзуд ӯ.
Ба қавли падарон, Дӯстмурод Алиев, боздоштшудаи дигар аз ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли пешин) дар суҳбат бо наздиконаш гуфтааст, ки бар асари азобу шиканҷа онҳо ҳозир шудаанд тамоми гуноҳро ба гардан гиранд. Дӯстмурод гуфтааст, "ба атрофи нофам заданд ва фикр кардам, ки дарунам пора шуд. Агар Шумо ҳам ба ҷои ман мебудед, ба ҳамаи айб иқрор мешудед."
Вале Бобоҷон Ҳалимов – муфаттиши парванда – даъвои шиканҷа шудани боздоштшудагонро рад карда ва гуфт: “Мо тамоми далелҳоро дорем, аз Русия ҳам гирифтем. Ягон касро бе далел маҳкам намекунанд. Ягон кас шиканҷа нашудааст. Шарт аст, ки барои исботи гуноҳашон мисли Туркия ягон ҷойро тарконанд? Агар шиканҷа шуда бошанд, чаро ба вакилони дифоашон гап назадаанд? Ҳамаи онҳо дар ҳузури вакилони дифоъ баёнот дода буданд.”
Музаффар Юсуфӣ, корманди масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, низ дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ иддаои чор сокини Дӯстӣ дар мавриди эътирофи иҷбории фарзандонашонро бепоя хонд. Вай гуфт, “ман бо ҳар нафари боздоштшуда дар алоҳидагӣ суҳбат кардам. Онҳо дар ҳузури адвокат гуфтанд, ки ин корро кардаанд”.
Ба қавли Юсуфӣ, далелҳои раднашаванда дар даст ҳаст, ки иштироки ин ҷавонон дар ҷангҳои Сурияро нишон медиҳад. “Ҳоло онҳо ба амнияти Тоҷикистон хафв доранд,” – афзуд ӯ ва илова кард, ки “дар мавриди дарёфти иттилои бештар дар бораи нафарони боздоштшуда ба ниҳодҳои марбутаи Русия дархости расмӣ ирсол шуда ва пас аз гирифтани посухи расмӣ парвандаи 8 сокини деҳаи Гаровутии ноҳияи Дӯстӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.”
Алайҳи ин ҳашт нафар бар асоси моддаи 401, прим. 1, яъне, “ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пайвастани шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи тундравро рад мекунанд ва мегӯянд, ин шаҳрвандон аз гумроҳӣ мавриди мағзшӯии таблиғгарони “Давлати исломӣ” қарор гирифтаанд.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ҳудуди се сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст. Фаъолияти “Давлати исломӣ” дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст.