Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасам дар рӯйхати "анъанаҳои фаъол" дар Тоҷикистон


Хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддии кишвар қасамро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" ва Иди Қурбонро аз зумраи ҷашнҳои "нимфаъол" дар кишвар ном бурдааст. Мухаммасу гӯрғӯлӣ дар ҳоли аз байнравӣ будаанд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қасам ё савгандро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар кишвар эътироф кардааст. Муаллифони "Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон", ки ба тозагӣ нашр шудааст, мегӯянд, сокинони кишвар асосан бо қасам хӯрдан дуруст будани андеша ё гунаҳкор набудани худро собит мекунанд.

Онҳо мегӯянд, тайи ин пажӯҳиш маълум кардаанд, ки аз қасам дар саросари кишвар истифода мешавад. Алишер, як сокини пойтахт, рӯзи 15 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, гоҳе барои дер кардан ба вохӯрӣ бо дӯстонаш на аз узрхоҳӣ, балки аз қасам истифода мекунад, то онҳо бовар кунанд, ки воқеан ӯ дар тамбаи мошинҳо дармондааст, ё мусофирбар наёфтааст.

"Дар ҳоле ки дар асл ин гуна нест. Ё шояд дер аз хона баромадаам ё кори дигар пеш омада буд. Қасам танҳо василае шудааст, ки одамонро аз вазъияти бад берун мебарад ва аммо оқибати нек надорад," - афзуд ӯ.

Солҳои охир истифода аз қасам на танҳо миёни сокинони оддии Тоҷикистон, балки дар сатҳҳои болои ҳукумати кишвар низ мушоҳида мешавад. Дар гузашта, дар соли 2006, танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раисиҷумҳур қонунӣ шуда буд. Ҳоло 17 узви ҳукумати Тоҷикистон низ ба номи раисиҷумҳур қасам ёд хоҳанд кард.

Ин нукта ба қонуни конститутсионии “Дар бораи Ҳукумат” ворид шуда ва матнаш рӯзи 25 июли соли ҷорӣ дар нашрияҳои расмӣ чоп гардид. Дар ин қонун гуфта шудааст, "ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта... Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунам... ба хотири дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шӯҳрати ватанам софдилона хизмат менамоям."

Тартиби савганд ёд кардан ба зудӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон муқаррар мешавад. Бар асоси ин қонун, инчунин, вакилони порлумони Тоҷикистон ба номи халқ савганд ёд хоҳанд кард.

Муаллифони феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дар маҷмуъ, беш аз 500 номгӯи ҷашну анъана, касбу ҳунар ва ғизову варзиши суннатӣ дар Тоҷикистонро ба се гуруҳ – фаъолу нимфаъол ва дар ҳоли аз байнравӣ – тақсим кардаанд. Дар ин қатор киноя ва пайғамбарошӣ низ анъанаи фаъол ба шумор рафта, мухаммасу гӯрғӯлӣ дар ҳоли аз байнравӣ қарор доштаанд.

Вазорати фарҳанг, аз ташббускорони аслии чопи ин феҳрист, иди Қурбон – яке аз ду иди мусулмонҳоро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар Тоҷикистон шомил карда ва гуфтааст, ки қаламрави таҷлили ин ид низ чандон густурда нест. Ба иддаои муаллифони феҳрист, ин ид дар минтақаҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор таҷлил шуда, дар ин рӯз "ашхоси сарватманд ба қурбоникунӣ машғул мешаванд, яъне гӯсфандеро забҳ мекунанду аз он таом тайёр мекунанд ва дигарон рафта тановул мекунанд."

Вале, ба навиштаи муаллифон, иди Рамазон дар қатори ҷашнҳои фаъол дар кишвар аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Иди Рамазон ва Қурбон аз солҳои навадум боз дар Тоҷикистон расман таҷлил шуда, ин рӯзҳо дар кишвар истироҳат эълон шудааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар хулосаи ин феҳрист гуфтааст, "ин рӯйхати такмилёфта барои таҳқиқоти илмӣ, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳангӣ ва барои таҳкими ҳуввияти миллӣ воситаи хеле муҳим ба шумор меравад".

XS
SM
MD
LG