Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҷангиёни Толибон як ҳамлаи танзимшударо болои маркази шимолии кишвар – шаҳри Қундуз ба роҳ монда, дар ҷануби кишвар як вулусволиро таҳти назорат дароварданд. Ҷангиён дар ҳамлаи ҳамоҳангшудае шаби 3 октябр аз чаҳор тарафи шаҳри Қундуз ҳамла карда бо нирӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ шуданд. Раҳбари дафтари полис дар Қундуз Муҳаммадуллоҳ Баҳеҷ гуфт, ки ба ҳамлаи ҷангиён муваффақона посух доданд, вале ҳоло муҳоҷирабҳо дар канораҳои шаҳри Қундуз ҳамоно идома дорад. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид иддао кард, ки ҳамлагарон чанд посгоҳро дар шаҳр зери назорат дароварданд.
Як сол пеш ҳам Қундуз барои чанд рӯз таҳти назорати Толибон даромад ва дар он ҳодисаҳо, бино ба ҳисобҳои СММ, 289 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд. Дар ҳамин ҳол, дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ба қавли мақомот, ҷангиён вусулволиеро дар вилояти Лашкаргоҳ забт карда, раиси полиси маҳаллиро ба қатл расониданд. Як мақоми полис гуфт, ки ҳоло ҷангҳо дар вулусволии Наво миёни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни Толибон идома дорад. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 4 октябр дар Брюссел қарор аст ҳамкорони байналмилалӣ роҳҳои нави кӯмак ба Афғонистонро баррасӣ кунанд.