Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҷумаи ҳоли Шавкат Мирзиёев бори аввал оммавӣ шуд


Дар робита ба оғози маъракаи интихоботи президентии Узбакистон бори аввал тарҷумаи ҳоли Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар нашр шудааст. Тарҷумаи ҳол ва барномаи интихоботии Шавкат Мирзиёеви 59-сола дар сомонаи Ҳизби либерал-демократии Узбакистон нашр шудааст. Ин ҳизб Мирзиеёвро дар интихобот номзад кардааст.

Дар ҳолнома омадааст, ки Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон дар хонаводаи табиб таваллуд шудааст. Миллаташ узбак аст. Дорои маълумоти олӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 дар донишкадаи муҳандисии хоҷагии деҳот шуруъ кардааст. Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Узбакистон интихоб шудааст. Аз соли 2003 то замони иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон таъйин шуданаш дар мақоми сарвазирӣ кор кардааст. Вай оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера будааст.

Дар барномаи интихоботии Мирзиёев гуфта шудааст, ки "кишвар таҳти роҳбари вай ба ҳеч блоки низомӣ намепайвандад, ҷойгиршавии пойгоҳҳои низомии хориҷиро дар марзаш иҷозат намедиҳад ва пойгоҳҳои худашро низ дар хориҷ намесозад".

Дар Узбакистон 4 декабр интихоботи президентӣ доир мешавад.

XS
SM
MD
LG