Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Узбакистон бо раъйдиҳии пешазмуҳлат оғоз шуд


Шавкат Мирзиёев аз номзадҳои аслии интихоботи 4 декабр дар Узбакистон гуфта мешавад
Шавкат Мирзиёев аз номзадҳои аслии интихоботи 4 декабр дар Узбакистон гуфта мешавад

Раъйдиҳии пешазмуҳлат дар интихоботи президентии Узбакистон, ки қарор аст, 4 декабри соли равон баргузор шавад, шуруъ шуд. Довталаби асосии курсии раҳбари Узбакистон сарвазир Шавкат Мирзиёв буда, Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократӣ, Сарвар Отамуродов аз Ҳизби "Миллий Тикланиш", Наримон Умаров аз Ҳизби "Адолат" низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаанд.

Президенти ояндаи Узбакистон барои 5 сол интихоб мешавад. Бар пояи қонунгузории ин кишвар, раъйдиҳии пешазмуҳлат 10 рӯз пеш оғоз ёфта, то як рӯз мондан ба интихобот идома хоҳад ёфт. 21 миллиону 435 ҳазор раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Дар саросари Узбакистон 9378 қитъаи овоздиҳӣ таъсис ёфта, 44 нуқтаи дигар дар намояндагиҳои ин кишвар дар 28 давлати дунё боз хоҳад шуд.

Ин интихобот баъди марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, эълон карда шуд, ки ҷасадашро 3 сентябри соли равон дар Самарқанд ба хок супурданд.

XS
SM
MD
LG