Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: пулҳои Гулнора Каримоваро бояд ба қурбониёни фасод баргардонд


850 миллион доллар дороиҳое, ки дар Аврупо бо дархости вазорати адлияи ИМА ҳасб шудаанд, бояд танҳо баъди иҷрои як қатор шартҳо дар самти риояи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон ба Тошканд дода шаванд.

Ин нукта дар матлаби Санҷар Умаров, муассиси эътилофи "Ӯзбекистони офтобӣ" ва муқими ИМА, ки онро The Washington Post чоп кардааст, зикр мешавад.

Ин пулҳо амалан ба Гулнора Каримова тааллуқ дошта, дар доираи тафтиши парвандаи ришва додани бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ ба духтари бузурги президенти пешини Ӯзбекистон ҳабс шудаанд.

Ба гуфтаи Умаров, маъмурияти Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА бояд ин пулҳоро ба қурбониёни коррупсия баргардонад. "Пулҳоро ба ҳисоби бонкии бунёди хайриявӣ, ки метавон ба мисли бунёди қазоқии "Бота" таъсис дод, бояд интиқол дод", - гуфтааст вай. Муаллиф мегӯяд, додани пулҳо ба Тошканди расмӣ маънои таслими онҳо ба афродест, ки як замон бо роҳи ғайриқонунӣ соҳибашон гардида буданд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран гуруҳе аз муҳоҷирони сиёсии ӯзбек аз мақомоти ИМА ва як қатор кишварҳои Аврупо даъват карданд, то 850 миллион долларро ба ҳукумати Ӯзбекистон барнагардонанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, ин пулҳо бояд ба шаҳрвандоне дар Ӯзбекистон дода шавад, ки қурбонии аслии фасоди давлатианд.

XS
SM
MD
LG