Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон пас аз 13 соли фаъолияташ аз кор монд. Давоми ин солҳо анҷуман танҳо созмоне буд, ки аз маҳдудияти Интернет, қатъи ногаҳонии он ва нақзи ҳуқуқи корбарон интиқод карда, аз вуҷуди амрҳои пасипардагии мақомот барои бастани вебсайтҳо низ хабар медод.
“Тарена”, “Истера”, “Бабилон”, “Сатурн онлайн”, “Телеком Технолоҷӣ” ва “Интерком” аъзои Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет буданд.
Масъулони анҷуман сабаби бастани созмонро «дар набуди маблағ» донистанд. Асомуддин Атоев, раҳбари собиқ Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, рӯзи 19 декабр дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «ба далели бӯҳрони иқтисодӣ анҷуман тобистони имсол бо қарори муассисон фаъолияташро қатъ кард.»
Манбаи муътамад аз даст рафт?
Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон моҳи декабри соли 2003 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳимояи ҳуқуқи ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ва мусоидат дар озодии баён буд. Коршиноси мустақил Набиҷон Юсуфов гуфт, бо ин созмон ҳамкории зиёд дошт ва бо қатъ шудани фаъолияти анҷуман “манбаи мӯътамад”-ро дар масоили Интернет аз даст дод. Ба қавли ӯ, манфиати созмон на танҳо ба сомонаҳои иттилоотӣ, балки ба ҳама ширкатҳои мобилӣ ва марказҳои таҳлилӣ мерасид.
“Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ташкилоти муфид буд. Ҳамчун коршиноси масоили марбут ба расонаҳо аз ин анҷуман, ки бо Интернет сарукор дошт, вазъи Интернет, натиҷаҳои таъсири бӯҳрон ба расонаҳои интернетӣ ва теъдоди истифодабарандагони олами маҷозиро пурсидаву маълумот мегирифтам”, - афзуд ӯ.
“Тарена”, “Истера”, “Бабилон”, “Сатурн онлайн”, “Телеком Технолоҷӣ” ва “Интерком” аъзои Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет буданд. Анҷуман дар ҳолатҳои зарурӣ ба аъзояш машваратҳои ҳуқуқӣ дода, аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекард. Ин Анҷуман узви Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди президенти Тоҷикистон низ буд.
"Хеле бад аст"
Фариштамоҳ Гулова, фаъоли иҷтимоӣ ва ҳамкори собиқи Анҷумани ширкатҳои фарҳамкунандаи Интернет баста шудани созмонро «хеле бад» донист ва афзуд, «зоҳиран раҳбарият сабабҳои худро дошт, ба мисли набудани шароити хуби корӣ, набудани маблағ ва ба аҳдофи асосӣ расида натавонистан. Ҳадафи асосии анҷуман ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳо буд. Барои мисол, тибқи қонунгузории кишвар бе асос ва бидуни ҳалномаи додгоҳ бастани сомонаҳо қонунвайронкунӣ аст, вале ин ҳолатҳо вуҷуд доштанд”.
Гулова сабаби дигари қатъи фаъолияти анҷуманро дар таъсису ба кор даромадани Маркази ягонаи иртиботот дар кишвар арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ин марказ рақобат дар бозори интернети Тоҷикистонро аз байн бурда ва ин созмонро ба як монополист табдил додааст.
Чораи бечорагӣ?
Ҳарчанд масъулони анҷуман сабаби қатъи фаъолияти худро ба мушкилоти иқтисодӣ рабт доданд, вале коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои аслии нокомии созмон ба эҳтимоли зиёд «муборизаи ноком бар зидди қонуншиканиҳо будааст». Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои васоити ахбори омма, қатъи фаъолияти Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернетро «аз ночорӣ» номид ва гуфт, дар соли равон на танҳо матбуоти чопӣ, балки созмонҳои марбут ба хабарнигорону Интернет низ тақрибан аз байн рафтанд ё фаъолияти худро маҳдуд намуданд.
Солҳои охир вазъи расонаҳо ва озодии интернет дар Тоҷикистон нигаронкунанда буда, имсол кишвар дар як раддабандии озодии баён якбора 34 зина поин рафт. Дар соли равон дар кишвар якбора 4 расона, аз ҷумла сомонаи интернетии Тоҷнюс аз фаъолият монданд ва ба иттилои созмонҳо беш аз даҳ хабарнигор низ ватанро тарк намуданд.
Баъди ҳодисаҳои Камароб
Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон фаъолияти назарраси худро соли 2010, пас аз муваққатан масдуд шудани як қатор сомонаҳои хабаррасони интернетӣ дар пайи ҳодисаҳои Камароб ба намоиш гузошт. Ин созмонбарои бартараф кардани таҷрибаи сайтбандиҳо кӯшиши зиёдеро ба сомон расонида буд.
Аз ҷониби масъулони Анҷуман дар он солҳо ба мақомоти далхдор барои ғайриқонунӣ баста шудани сомонаҳои иҷтимоиву иттилоотӣ мактубҳо шикоятӣ равон гардида буд ва ҳамчунин бо Хадамоти алоқаи кишвар низ дар ин робита баҳсҳо низ карда буд. Дар натиҷаи кӯшишҳои Анҷуман соли 2012 шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, ки як муддат баста шуда буд, барои корбаронаш дар Тоҷикистон дубора боз ва дастрас шуд.