Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳим Юнусов: Чанд қадам дуртар аз Карлов истода будам


Иброҳим Юнусов, сафири Қирғизистон дар Анкара, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми ҳамла ба Андрей Карлов ҳамагӣ чанд қадам дуртар аз ӯ қарор дошт ва саҳнаи қатлашро бо чашмони худ дид. Вай рӯзи 20 декабр гуфт, то замони ба минбар баромадани Андрей Карлов онҳо ҳамроҳи сафири Узбакистон якҷоя сӯҳбат доштанд.

Иброҳим Юнусов: "Вақте ба Карлов сухан доданд, ӯ ба минбар баромад. Дар наздикияш як ҷавон истода буд. Фикр кардам, ки муҳофиз аст. Ҳанӯз ду дақиқа аз замони сӯҳбати Андрей Карлов нагузашта, тирандозӣ сар шуд. Ҳамлавар бо нидои «Аллоҳу Акбар» амр кард, ки ҳама ба замин дароз кашанд. Мо ду-се метр дуртар аз сафири Русия будем. Ҳамаамон ба рӯйи фарш хобиа будем. Баъзе одамон ба гурехтан сар карданд. Вале ҳамлавар гуфт, ки аз ҷоямон наҷунбем. Дубора тирпаронӣ сар шуд. Ҳамон вақт фурсат пайдо карда, худро ба берун кашидем."

Радиои Озодӣ: Оё дар миёни зарардидаҳо шаҳрвандони Қирғизистон ҳам буданд?

Иброҳим Юнусов: "Не. Танҳо ману ронандаам ба онҷо рафта будем. Асосан дар намоишгоҳ меҳмонон аз сафорати Русия ва шаҳрвандони Туркия қарор доштанд. Беш аз 150 одам омада буд."

Андрей Карлов шоми 19 декабр, ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аксҳои "Русия аз назари туркҳо" дар Анкара бо зарби тир сахт захмӣ шуда, баъдан дар бемористон даргузашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кушторро ба шиддат маҳкум карда ва нақзи меъёрҳои як ҷомеаи мутамаддин номиданд. Раҳбарони Русияву Туркия гуфтанд, ин ҳамла талоши халалдор кардани муносибати Маскаву Анкара ва, ҳамин тавр, тавофуқи онҳо бар сари Сурия буд.

XS
SM
MD
LG