Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Манобеи хабаргузории “Азия Плюс” дар ҳукумат гуфтаанд, ин мулоқот 26 декабр таҳти раҳбарии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини нахуствазири Узбакистон Рустам Азимов сурат мегирад. Ин сафари нахустини ҳайати бузурги Узбакистон баъди ба курсии президентӣ нишастани Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аст.

Рустам Азимов
Рустам Азимов

Дар ин ҷаласа дар бораи равуои автобусу қатор аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва ташкили гузаргоҳҳои нави назоратӣ дар марз баррасӣ хоҳад шуд. Масъалаи содда кардани низоми раводид низ яке аз масъалаҳои мавриди назари ҷонибҳо будааст.

Узбакистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш низ марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Давлаталӣ Саид
Давлаталӣ Саид

Баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дод. Тарафҳо тавофуқ карданд, ки парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд моҳи январи соли оянда аз сар гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG