Муинҷон Тоҳирӣ, сардори Хадамоти амнияти раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов, бо фармони президент Шавкат Мирзиёев раиси Кумитаи гумруки ин кишвар таъин шудааст. Зоҳид Дусанов, ки аз соли 2011 ба ин тараф раҳбарии Кумитаи гумруки Узбакистонро ба зимма дошт, дубора сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои андоз, асъор ва қонунигардонии даромадҳои ғайримашрӯи назди Додситонии кулли ин кишвар таъин шуд. Дусанов қаблан, солҳои 2008 - 2011 дар ин вазифа кор кардааст.
Тоҳирӣ дар ҳоле раиси Кумитаи гумруки Узбакистон таъин шуд, ки соли 2014 маҳз зери раҳбарии ӯ манзили зисти Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов кофтукоб шуда буд.
Ёдрас мешавем, моҳи феврали соли 2014 кормандони мақомоти махсуси Узбакистон ба манзили Гулнора Каримова ҳамла карданд. Духтари президенти пешини Узбакистон он замон гуфта буд, ки ҳангоми ҳамлаи мақомоти махсус ӯ дар хона ҳамроҳи ҳамсараш Рустам Мадумаров, ёвари шахсӣ Гаяна Авакян ва кӯдакони ноболиғу ҳайати пешхидматонаш ҳузур дошт.
Баъдан сомонаи Додситонии кулли Узбакистон хабар дод, ки Мадумаров, Авакян ва Клюева бо гумони содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ дастгир шуданд. Мақомоти узбак Мадумаров ва Авакянро ба анҷоми муомилаҳои бузурги коррупсионӣ дар ин кишвар айбдор карданд.