Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Бузургмеҳр романи "Маҳмуди Ғазнавӣ"-ро навишт. ВИДЕО


Равшани Ёрмуҳаммад
Равшани Ёрмуҳаммад

Равшани Ёрмуҳаммад – падари Бузургмеҳр Ёров – гуфт, дар тӯли як соли боздошту зиндони шудани писараш дар хонае ба танҳоӣ зиндагӣ дорад ва саҳифаҳои охирини романи "Маҳмуди Ғазнавӣ"-ро менависад. Ӯ рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар тасвираш шоҳ Маҳмуд як ҷоҳталабу хунхор аст, вале нагуфт, ба чӣ сабаб ба ин мавзӯъ рӯ овард. Ин нависандаи 74-солаи тоҷик дар гузашта романи "Бармакиён" ва қиссаҳои "Тӯфони Нӯҳ"-у "Асҳоби Каҳф"-ро низ навиштааст.

Гуноҳаш чӣ буд? Гуноҳаш ин буд, ки додгоҳ бе тафтиш ва бе ҳузури адвокат одамонро 25 сол зиндонӣ накунад.
Равшани Ёрмуҳаммад

Падари Бузургмеҳр Ёров гуфт, баъд аз боздошту зиндонӣ шудани писараш сари калобаи зиндагаии онҳо низ гум шуд ва рӯзи ӯ дар хонаи, ба қавли худаш, холӣ ба сахтӣ мегузарад. "Фарзандони дигарам ҳастанд. Духтарҳо ҳастанд. Вале Бузургмеҳр ҳаматарафа буд. Ба касе маъқул нашуд, ки чунин рафтор карданд. Агар не, ӯ танҳо як адвокат буд", - афзуд Равшани Ёрмуҳаммад.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри 2016 Бузургмеҳр Ёровро бо айби қаллобӣ, барангехтани кинаву адовати динӣ, нажодӣ ва даъват ба тағйири сохти конистутсионӣ ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Баъди эълони ҳукм рӯзи 12 декабр муҳокимаи нави ӯ бар асоси парвандаи “беэҳтиромӣ ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи мақомот” оғоз ёфт.

Баҳси ширкати "Бахт" бо "Ориёнбонк", қазияи бозори "Саховат"-и шаҳри Турсунзода, ки ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дошт ва баҳси бозори “Ином” дар Шаҳритус аз ҷумлаи парвандаҳое буданд, ки Бузургмеҳр Ёров вакили дифоашон буд. Охирин кори адвокатии ӯ ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҳизби, инак, мамнӯи наҳзати исломӣ буд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Падари Бузургмеҳр романи "Маҳмуди Ғазнавӣ"-ро навишт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Равшани Ёрмуҳаммад мегӯяд, фарзандаш нияти бад надошт, балки мехост одамон бар асоси далелу исбот муҳокима шаванд. "Гуноҳаш чӣ буд? Гуноҳаш ин буд, ки додгоҳ бе тафтиш ва бе ҳузури адвокат одамонро 25 сол зиндонӣ накунад", - шарҳ дод ӯ.

Бузургмеҳр, вакили дифои зиндонӣ, соли 1971 дар хонае, воқеъ дар кӯчаи Парвин, ҳоло ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе, ба дунё омадааст. Вай дар мактаби рақами 11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳсил карда ва соли 1995 факултаи ҳуқуқшиносро ба итмом расондааст. Баъди хатми донишгоҳ як муддат дар шӯъбаи корҳои дохилии Исмоили Сомонӣ кор карда ва сипас ба фаъолияти адвокатӣ пардохт. Равшани Ёрмуҳаммад гуфт, “тамоми буду шуди худро медод, то ҳақиқатро исбот кунад. Лекин хом буд. Дар зиндагӣ пухта набуд.”

Ҳуриннисо Исҳоқова
Ҳуриннисо Исҳоқова

Ҳоло Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр, дар хонаи писараш дар маҳаллаи Чимтеппа зиндагӣ дорад. Ӯ гуфт, “аз шаш фарзанд панҷтоаш як тараф аст, Бузургмеҳр як тараф.”

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки Бузургмеҳрро аз шогирдони худ медонад, гуфт, “вай вакили боҷасорат буд. Ӯро шогирди асосии худ медонам, на аз ҷиҳати адвокатӣ, балки аз нигоҳи поквиҷдонӣ, лаёқат ва ҳимоятгар буданаш.” ​Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров, ҳоло бо се фарзанд танҳо мондааст. Ӯ мегӯяд, моҳҳо боз наметавонад боздошту зиндони шудани шавҳарашро ба фарзандон бигӯяд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо парвандаи Бузургмеҳр Ёровро сиёсӣ номида ва аз ҳукумат талаб кардаанд, ки ӯро озод намояд. Вале мақомот тоҷик мегӯянд, ки зиндонии сиёсӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG