Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати AI ба кӯмаки изтирории вакилони маҳкумшуда


Amnesty International calls support Yorov
Amnesty International calls support Yorov

Дар изҳороти нави ин созмон ҳукми 23 соли зиндони Бузургмеҳ Ёров ва 21 соли зиндони Нуриддин Маҳкамов “сиёсӣ” арзёбӣ шудааст. Дар изҳороти ин созмон, ки ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки ин ду вакил баъди тасмимашон дар амри ҳимояти ҳуқуқи аъзои зиндонии ҲНИТ боздошт шуданд. Дар изҳороти ин созмон аз тарафдорон даъват шудааст, ки зери муроҷиатнома ба мақомоти Тоҷикистон бо талаби бозбинӣ шудани парвандаи вакилони дифоъ имзо кунанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябр ҳукм кард, ки гуноҳҳои Ёров ва Маҳкамов аз рӯи иттиҳомоти “қаллобиву” экстремизм исбот шудааст ва онҳо бояд ба мӯҳлати тӯлонӣ дар зиндони низомаш сангин нигаҳдорӣ шаванд. Худи муттаҳамон ва наздиконашон ин ҳукмро қабул надоранд.​

Аз ҳукми додгоҳ нисбати вакилон Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ҳукумати Амрико, се созмони мудофеи ҳуқуқи инсон - Human Rights Watch, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Хешовандони маҳкумшудаҳо: Чунин ҳукмро интизор набудем

Хешовандонаш ҳукми Бузургмеҳрро "бераҳмона" номиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Додгоҳ: Гуноҳи маҳкумшудаҳо дар аъмоли экстремистӣ пурра исбот шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябр вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгоҳ ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳанд кард.

Қироати ҳукми додгоҳи вакилон шоми 6 октябр баргузор шуд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 19 сентябр аз додгоҳ барои ин ду муттаҳам мутаносибан 25 ва 23 соли зиндонро талаб карда буд.

Ҷараёни қироати ҳукми додгоҳии вакилони дифоъ дар шароити сахти амниятӣ, ҳузури қобили мулоҳизаи намояндагони сохторҳои қудратӣ ва бидуни ҳузури созмону ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ сурат гирифт. Журналистони ба мурофиа роҳёфта ҳақ надоштанд аз дастгоҳҳои сабти садову видео, аксбардорӣ ва ҳатто қаламу коғаз истифода кунанд.

Додрас Асомиддин Бобохонзода зимни қироати ҳукм гуфтааст, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳама иттиҳомот нисбати муҷримон, аз ҷумла иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” исботи худро ёфтааст. Аммо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҳама иттиҳоми ворида алайҳи худро рад кардаанд. Дар поёни мурофиа вакили дифоъ ва пайвандони Бузургмеҳр Ёров гуфтаанд, ки баъди дастрас шудани ҳукми додгоҳ онро аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Ҷараёни қироати ҳукми додгоҳии вакилони дифоъ дар шароити сахти амниятӣ, ҳузури қобили мулоҳизаи намояндагони сохторҳои қудратӣ ва бидуни ҳузури созмону ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ сурат гирифт. Журналистони ба мурофиа роҳёфта ҳақ надоштанд аз дастгоҳҳои сабти садову видео, аксбардорӣ ва ҳатто қаламу коғаз истифода кунанд.

Ёров ба 23 ва Маҳкамов ба 21 соли зиндон маҳкум шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ҳам Нуриддин Маҳкамов ва ҳам Бузургмеҳр Ёров дар суханронии охирони худ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳомоти воридаро рад карда қазияҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд. Дар остонаи содир шудани ҳукми додгоҳ чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон ва вакилони дифоъ, инчунин ҳукуматҳои ИМА, Бритониё ва Human Rights Watch билофосила озод шудани вакилони дифоъро талаб карданд.

Нуриддин Маҳкамов
Нуриддин Маҳкамов

Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд. Ин буд, ки дар моҳҳои ахир мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт. ​

XS
SM
MD
LG