Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди гаравгонгир дар Турсунзода боздошт шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи дигари гаравгонгирӣ дар шаҳри Турсунзода хабар дод. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса дар авохири моҳи гузашта рух додааст ва бошандаи деҳаи Чузии шаҳри Турсунзода Файзиддин Муҳамадизода сокини дигари ҳамин ноҳия Музаффар Тураеви 29-соларо ба гарав гирифта, бо шарти дар ихтиёри ӯ гузоштани шиносномаи дохилӣ ва хориҷии падараш, ӯро раҳо кардааст. Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18 январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис ҳоло Файзиддин Муҳамадизодаро боздошт намудаанд ва дар нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Файзиддин Муҳамадизода фаъолияти соҳиборӣ дошта ва бо Музаффар Тураев дар бозори марказии шаҳри Турсунзода ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ машғул будаанд. Ба гуфтаи манбаъ, моҳи декабри соли 2016 Файзиддин Муҳаммадизода маблағи даромадашро ҳисоб карда ва Музаффар Тӯраевро дар ҳаҷми 170 ҳазор сомонӣ қарздор донистааст. Бинобар ҳамин, ҳамкорашро ба манзилаш бурда ва барои як шабонарӯз ба гарав мегирад ва шарт мегузорад, ки падари Музаффар шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷиашро дар ихтиёри ӯ гузорад. Танҳо пас аз дар ихтиёри ӯ гузоштани шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷии падари Музаффар ва ба шарти овардани маблағи 170 ҳазор сомонӣ, Файзиддин Муҳаммадизода фарзанди ӯро раҳо кардааст.

Барои бори дувум аст, ки дар моҳи декабр дар шаҳри Турсунзода ҳодисаи гаравгонгирӣ сурат мегирад. Дар пайи як амалиёти раҳоии навраси 17-сола Азимҷон Узоқов, хонандаи мактаб-литсеи президентии шаҳри Турсунзода як гаравгонгир кушта ва ду нафари дигари дигар захм бардоштанд. Ҳодисаи ба гарав гирифтани Азимҷон Уроқов субҳи 6 декабр рух дод ва гаравгонгирҳо барои раҳоии ин навраси 17-сола аз падари ӯ 100 ҳазор доллар талаб доштанд ва танҳо дар соати 12 шаб мақомоти интизомӣ тавонистанд Азимҷонро раҳо кунанд.

Аммо тавре намояндагони мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба истиснои як ва ё ду ҳодисаи гаравгонгирии охир, тайи як даҳсола мешавад, ки ҳодисаҳои кӯдакрабоӣ бо ҳадафи талаби пул ба қайд гирифта нашудааст. Ҳодисаҳои гаравгонгирие, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷой дошт, назири ҳодисаи гаравгонгирии гурӯҳи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1997 аз ҷониби гурӯҳи Ризвон Содиров, бештар хусусияти сиёсӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG