Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон хабар дод, ки сабти номи номзадҳо ба охир расид. Барои ширкат дар интихоботи президентии 12 феврал расман 9 номзад сабт шуд. Номзадҳо бо интихобкунандагон мулоқот ва барномаҳои худро таблиғ мекунанд.
Бори нахуст дар интихоботи президентии Туркманистон намояндагони се ҳизби сиёсӣ - Ҳизби демократӣ, Ҳизби соҳибкорон ва истеҳсолгарон ва Ҳизби кишоварзӣ ширкат мекунанд. Намояндагони гуруҳҳои мардумӣ ҳам вориди интихобот шудаанд. Ҳамаи номзадҳо барои суханронӣ дар расонаҳо ва мулоқот бо мардум ҳаққи баробар доранд.
Телевизиони давлатии Туркманистон суханронии ҳашт номзадро нашр кард. Танҳо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов то кунун суханронӣ накардааст. Бердимуҳаммадов аз Ҳизби демократии Туркманистон сабти ном шудааст.
Моҳи декабри соли 2016 Бердимуҳаммадов, ки бори севум барои соҳиб шудан ба курсии президентӣ мубориза мебарад, гуфт, муҳлати барояш ҷудошударо ба рақибонаш мебахшад. Ин дар ҳолест, ки номзадҳо дар суханронӣ ва мулоқотҳояшон фарқият ва бартарии барномаҳояшонро нисбат ба сиёсатҳои президенти амалкунандаи кишвар зикр намекунанд.
Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, мардум ба интихобот таваҷҷуҳи кофӣ надоранд. Тибқи тағйири охири Конститутсияи Туркманистон, президенти ин кишвар барои 7 сол интихоб мешавад. То кунун ҳеч яке аз интихоботҳои ин кишвар аз сӯи созмонҳои байналхалқӣ озод ва одилона арзиёбӣ нашудааст.