Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 25 январ дар вилояти Дашоғузи ин кишвар бо молпарварони маҳаллӣ мулоқоӣ кард.
Пештар хабар расида буд, ки Беридмуҳаммадов бо чӯпонҳои маҳаллӣ мулоқот мекунад. Барои омодагиҳо ба ин мулоқот аз саросари вилоят беҳтарин гӯсфандонро ҷамъ оварда буданд.
Расонаҳо менависанд, бо ин роҳ моқомот мехоҳанд нишон диҳанд, ки "дар кишвар молпарварӣ равнақ дорад".
Аммо гӯсфандоне, ки барои мулоқоти чӯпонон бо Бердимуҳаммадов ҷамъ оварда буданд, соатҳо бе обу алаф монданд.