“Се сол пеш бушкаи калон ва чоҳ сохтем. Обро дар ҳаминҷо ҷамъ мекунем, аз он менӯшем ба говҳо медиҳем“- мегӯяд, Ғаффор Шарипов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар кишвари серобтарини як гӯшаи хушки саёра дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад.
Хонаи Ғаффор Шарипов дар маҳаллаи Бӯстон-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ва бист километр дуртар аз Душанбе аст. Бо вуҷуди наздикӣ ба пойтахт, маҳаллаи онҳо шабакаи обрасонӣ надорад. Ғаффор дар хонааш як чоҳи 7 тоннагии об сохтааст ва зимистон оби борону барфро дар он ҷамъ мекунад. Аммо тобистон обро ё бо хар мекашанд ва ё мехаранд.
Ҳамсояи Ғаффор, Ойбек Гулмуродов ҳам айни мушкилро дорад. “Дар мо тақрибан дар ҳар хона чунин бушкаҳо ҳаст. Обро сарфаҷӯёна истифода мебарем. Ҳар қатраи об барои мо гарон аст.” -мегӯяд Ойбек.
Ойбек чоҳи бетонии 30 тоннагӣ дорад, аммо ҳеҷ гоҳ он комилан пур нест, зеро об гарон аст. Ӯ 10 тонна об мехарад, ки барои масрафи якмоҳаи хонаводаашон кофист.
Обро сарфаҷӯёна истифода мебарем. Ҳар қатраи об барои мо гарон аст.
Дар маҳаллаи Сомониён дар ноҳияи Рӯдакӣ мардум худашон пул ҷамъ карда ва ба маҳалла об овардаанд, то об фақат барои обёрӣ. Оби нӯшиданиро чун дар рустои Бустон 1 мехаранд. Дар маҳаллаи онҳо дар ҳар қадам бушкаҳои аз 5 то 10 тоннагиро дар назди тақрибан ҳар хона мебинед. Бо вуҷуди ин мақомот мегӯянд, ки дар чанд соли ахир таъмини мардум бо оби пок беҳтар шудааст.
"Соли 2011-ум 46 дар сади аҳолии Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ дошт. Ҳоло 57.6 дар сади аҳолӣ ба оби пок дастрасӣ доранд." - мегӯяд, Алимурод Исломзода, раиси Корхонаи давлатии Обу корез.
Мушкили дастрасӣ ба об на танҳо дар рустоҳо, балки дар шаҳрҳо низ ҳаст. Дар бисёре аз шаҳраку маркази ноҳияҳо шабакаҳои обрасониро дар замони шӯравии собиқ сохтаанд, ҳоло ин шабакаҳо фарсуда шудаанд, занг мезананд ва барои сиҳатии мардум хатар доранд.
Бештар аз нисфи оби тамоми Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, вале дар худи кишвар мардуми зиёде аз оби пок маҳруманд. Барои бунёди шабакаҳои обрасониву нигаҳдории онҳо пул лозим аст, ки дар буҷа нест. Бо вуҷуди ин тарҳҳои зиёде дар ноҳияву шаҳрҳои гуногун амалӣ мешавад ва мақомот мегӯянд, ба тадриҷ таъмини мардум бо обро беҳтар мекунанд.
Имсол дар Тоҷикистон чаҳор тарҳи бозсозии шабакаҳои обрасонӣ хотима меёбад ва қарор аст, дар 17 шаҳр бунёди шабакаҳои нав шурӯъ шавад. Пули онро муассисаҳои байналмилалии молӣ ба мисли Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд мепардозад. Арзиши тарҳҳо ба 70 миллион доллар мерасад.