Қонуни нав дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар ҳолатҳои истисноӣ вуруди бе иҷозаи маъмурони амниятӣ ба хонаи сокинонро иҷоза медод, аз тарафи аъзои Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон – қабул нашуд. Аъзои Маҷлиси Миллӣ рӯзи 16 феврал гуфтанд, ки дар қонун мушаххасан зикр нашудааст, дар кадом ҳолат кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амният ҳақ доранд, бе иҷоза ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд.
Баъди баррасии ин масъала дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баъзе аз расонаҳо хабар пайдо шуд, ки акнун кормандони Кумитаи амният ҳаққи бе иҷоза ва мамониат ба манзили сокинон даромаданро пайдо карданд. Ин нодуруст аст. Принсипи Конститутсия дар бораи ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро ин қонун бекор намекунад.Маҳмадалӣ Ватанзода
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, гуфт, "дар инҷо масъалаи кафолати амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо матраҳ аст" ва бинобар ин ба раиси Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастур дод, ки ин қонунро баррасӣ ва дигарбора пешниҳод кунанд.
Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – рӯзи 19 октябри соли гузашта тарҳи иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ"-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тағйирот кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ доранд, ки бе иҷоза вориди манзили сокинон шаванд.
Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳи қонун дар порлумон гуфта буд, “таҷрибаи ҳодисаҳои террористӣ дар Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Ховари Миёна нишон доданд, ки ин гурӯҳҳо ба таври махфиёна амал мекунанд ва ин рафтори онҳо посухи баробарвазн мехоҳад. Яъне, махфиёна ба манзилҳое рафтан, ки дар он ҷо террористҳо мехоҳанд амали ҷиноятии худро содир кунанд.”
Ятимов гуфт, ин қонун "дар навбати аввал ба таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона карда шудааст” ва афзуд, “бидуни иҷоза ба манзилҳои шахс ворид шудан масъулияти бузургро талаб мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои фавқулода амалӣ мешавад. Кормандони амнияти миллӣ бояд интихобан амал карда ва мақсадҳои гузоштаро иҷро кунанд. Ин таҷриба дар кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст."
Назари мардум: Иҷоза медиҳед, кормандони амният нопурсида ба хонаатон дароянд?
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ин суолро матраҳ кард, ки дар сурати анҷоми амалиёт мумкин аст дар манзил одамони бегуноҳ бошанд ва дару девори хона шикаста шавад. Дар ин ҳолат кӣ ва чигуна зарарро ҷуброн хоҳад кард? Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар порлумон, гуфт, “бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҷуброни зарар аз ҷониби давлат сурат мегирад”.
Маҳмадалӣ Ватанзода – ёвар ва намояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар порлумон – гуфт, касе ҳақ надорад, ки бе сабаб вориди манзили сокинон шавад. Ӯ бо ишора ба сарусадои бархоста гуфт, “баъди баррасии ин масъала дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар баъзе аз расонаҳо хабар пайдо шуд, ки акнун кормандони Кумитаи амният ҳаққи бе иҷоза ва мамониат ба манзили сокинон даромаданро пайдо карданд. Ин нодуруст аст. Принсипи Конститутсия дар бораи ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро ин қонун бекор намекунад.»
Аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 16 феврал дар маҷмӯъ 52 масъаларо баррасӣ карданд, ки тарҳи иловаҳо ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллӣ яке аз онҳо буд. Ин иҷлосияи нахустин баъди барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми шаҳрдори Душанбест. Ҳоло ба ҷойи ӯ писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон шаҳрдори нави Душанбе шудааст.