Дар чанд ҷумла
ВКД Украина ҳуввияти қотили Вороненковро мушаххас кард
Вазорати умури дохилии Украина ҳуввияти мардеро мушаххас кард, ки рӯзи 23 март бо тири туфангаш сиёсатмадори русро дар маркази Киев ба ҳалокат расонд. Сухангӯи вазорат гуфт, ки шахси ҳамлагар марди 28-солаи зодаи Қрим Павло Паршов аст ва чеҳраи ӯро баъди маргаш дар муқоиса бо навори видеоии хиёбонӣ шиносоӣ карданд. Паршов дар паи ҷароҳате, ки аз тири туфанги муҳофизи Денис Вороненков бардошт, дар бемористон даргузашт. Як узви миллатгарои маҷлиси Украина дар саҳифаи Фейсбукаш ҳадс задааст, ки Паршов як маъмури махфии Русия буд.
Ба гуфтаи ӯ, русҳо ба Паршов нахуст кӯмак карданд, ки вориди Беларус шуда баъдан дар Русия “аъмоли харобкорӣ” омӯзад. Баъди ин ба Украина баргашта ба нирӯҳои артиши ин кишвар шомил шуд ва мунтазири гирифтани амру фармони Русия буд, ки бо куштори Вороненков анҷомид. Тибқи гузоришҳо, Паршов 13 моҳ дар артиш хизмат карда моҳи август озод шуд. Вале вазорати умури дохилаи Украина гуфт, ки ҳоло исми ин шахсро нашр карда, ҷузъиёти дигари расмиро баъдан, дар ҷараёни тафтишот маълум хоҳад кард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Аз ҳабси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Беларус се сол гузашт
Рӯзи 25-уми ноябр ба боздошт ва зиндонӣ шудани Андрей Кузнечук, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Беларус, се сол пур шуд.
Худаш, Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Кузнечук, падари ду фарзанд, рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дастгир ва дар аввал бо иттиҳоми авбошӣ (ҳеч гоҳ напазируфтааст) ба даҳ рӯз ҳабс маҳкум шуд.
Сипас вайро ба ташкили гурӯҳи ифротӣ айбдор ва моҳи июни соли 2022 ба шаш сол зиндон маҳкум карданд. Мурофиаи додгоҳӣ ҳамагӣ як рӯз давом кард.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Беларус хабарнигори Радиои Озодӣ Андрей Кузнечукро зиндонии сиёсӣ эътироф кардаанд.
Созиши оташбас миёни Исроилу "Ҳизбуллоҳ" наздик аст?
Сафири Исроил дар Вашингтон гуфтааст, созиши оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон метавонад, "дар чанд рӯзи оянда" ба даст биояд.
Майк Ҳерзог рӯзи 25-уми ноябр ба радиои артиши Исроил гуфт, ҳама гуна созиш ризояти ҳукуматро талаб мекунад, вале "мо ба он наздикем".
Ҳафтае пеш фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна низ хатми ҷангро миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" имконпазир дониста буд.
"Ҳизбуллоҳ", ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, ҳам ҳизби сиёсист ва ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ. Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро як созмони террористӣ медонад, аммо Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
“Ҳизбуллоҳ” 8-уми октябри соли гузашта, як рӯз баъд аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба Исроил ба хоки ин кишвар мушак партофт. Аз он замон даргирии ду тараф идома дошта, моҳҳои охир шиддат гирифтааст.
Ҳукми зиндони як ҳамкори пешини Радиои Озодӣ дар Чита
Додгоҳи Чита дар Русия Ника Новак, ҳамкори пешини “Север. Реалии”, як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба чор сол зиндон маҳкум кард.
Манобеи наздик ба тафтишот рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Новак ба ҳамкории пинҳонӣ бо созмони хориҷӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Ӯро соли 2023 дар шаҳри Маскав дастгир карда, сипас ба Сибир фиристоданд. Парвандааш муҳри мухфӣ дошт ва, аз ин рӯ, ҷузъиёти он ошкор нест.
Ника Новак сардабири сомонаи Zab.ru буд ва дар гурӯҳи расонаҳои ChitaMedia кор кардааст. Дар соли 2022 бо “Север.Реалии”, як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт.
“Мемориал”, гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар, ӯро маҳбуси сиёсӣ дар Русия номидааст.
Боздошти як марди бритониёӣ дар Курски Русия
Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар вилояти Курск як шаҳрванди Бритониёро, ки гуфта мешавад аз тарафи Украина меҷангид, дастгир кардаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 26-уми ноябр хабар дод, ки алайҳи Ҷеймс Скотт Рис Андерсони 22-сола парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ӯро дар Русия ба "терроризм" ва "зархаридӣ" гумонзад медонанд.
Наворе, ки дар он марди либоси низомӣ ба тан худро Ҷеймс Скотт Рис Андерсон аз Бритониё муаррифӣ мекунад, охири ҳафтаи гузашта нашр шуд.
Онро хабаргузории давлатии "ТАСС" ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти Русия паҳн карданд.
Андерсон гуфтааст, то соли 2023 дар артиши Бритониё хидмат карда, сипас ба легиони байнулмилалии Украина пайваст.
Маълум нест, ки наворро кай, дар куҷо ва таҳти чӣ шароит сабт кардаанд.
Украина ба як анбори сӯзишворӣ дар Русия зарба задааст
Артиши Украина хабар дод, ки рӯзи 26-уми ноябр ба як анбори сӯзишворӣ дар вилояти Калуга ва чанд "нуқтаи муҳими дигар" дар Брянск ва Курски Русия зарба зад.
Владислав Шапша, волии Калуга, дар Телеграм навишт, ки нерӯҳои Русия ҳашт дрон ё ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун карданд ва боқимондаи яке аз онҳо сабаби сӯхтор гашт.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаи Русия ба маркази шаҳри Харков камаш 15 нафар маҷруҳ шуд.
Виталий Ким, волии Миколаев, хабар дод, ки Русия шабона ба зербунёдҳои энержии ин минтақаи ҷанубии Украина ҳамла кардааст.
Ба муҳандисон муяссар шудааст, ки ба аксар минтақаҳои зарардида дубора нерӯи барқ бидиҳанд.
Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нест.
Никита Журавелро дар Русия 13,5 соли дигар зиндонӣ карданд
Никита Журавел, маҳбуси сиёсӣ дар Русия, ки ҳангоми дар боздоштгоҳ буданаш аз ҷониби писари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, латукӯб шуда буд, бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи Волоград ҳукми Журавели 20-соларо рӯзи 25-уми ноябр эълон кард.
Мақомот ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки соли 2023 гуё ба намояндаи Хадамоти амнияти Украина (СБУ) дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба воситаи роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳои низомӣ навор фиристодааст.
Пештар Додгоҳи Чеченистон Никита Журавелро барои оташ задани “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмонон, севуним сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Худаш дар ҷараёни мурофиа аз мусалмонон маъзарат хост, аммо гуфт, нияти озурдани касеро надошт.
Созмони “Мемориал” Никита Журавелро маҳбуси сиёсӣ эътироф кардааст.
Қурби рубл дар баробари сомонӣ боз ҳам поин рафт
Қурби рубли Русия дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон поин меравад.
Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр арзиши ҳазор рубли Русияро 102 сомониву 60 дирам муқаррар кардааст. Дар баъзе аз бонкҳои кишвар он ба 100 сомонӣ фурӯхта мешавад. Як ҳафта пеш 1000 рубл ба 106 сомонӣ баробар буд.
Дар бонкҳои тиҷоратӣ коҳиши қурби рублро дар ҳафтаҳои охир тасдиқ карда, вале шарҳ надоданд.
Қурби рубл барои аксар сокинон дар Тоҷикистон муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар тағйир дар қимат ё арзиши рубл ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.
Тафтиши навбатии муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия
Дар натиҷаи "рейд" ё амалиёти муштараки Кумитаи тафтишотӣ ва пулиси Русия рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград беш аз 300 муҳоҷир мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Масъулони Кумитаи тафтишотӣ гуфтанд, 40 муҳоҷирро дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис карда, ба мардоне, ки нав соҳиби шиносномаи русӣ гаштанд, даъватнома ба артиш супурданд.
Пештар баъзе аз муҳоҷирон шикоят доштанд, ки онҳоро барои рафтан ба артиш ва ширкат дар ҷанги Русия дар Украина маҷбур мекунанд.
Ташкили чунин амалиёту тафтишҳо дар макони зисту коргоҳи муҳоҷирон дар тамоми минтақаҳои Русия мушоҳида мешавад.
Аз моҳи август дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар асоси он ҳар фарде, ки шаҳрвандии ин кишварро дорад, бояд ҳатман худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунад, вагарна аз шиносномаи русӣ маҳрум хоҳад шуд.
Тоҷикистон барои фурӯши барқ ба Афғонистон қарордод имзо кард
Тоҷикистон барои фурӯхтани барқ ба Афғонистон дар соли 2025 қарордод имзо кардааст. Дар ин бора масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон рӯзи 25-уми ноябр хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, қарордод аз ҷониби Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” ва Абдулборӣ Умар, мудири ширкати “Брешно” дар Туркия имзо шудааст. Ҷузъиёти созишнома дастрас нест.
Ширкати "Барқи тоҷик" дар ин бора ягон шарҳ надод ва маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва бо чӣ нарх.
Қарордоди нави интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки Душанбе бо “Толибон”, ҳокимони нави Кобул, робитаи дипломатӣ надорад. Гузашта аз ин, мардум ин шабу рӯз дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд.
Мақомот ҳамеша мушкилро ба душвории фаннӣ ё камбуди об рабт додаанд. Сокинон мепурсанд, чӣ гуна Тоҷикистон барои интиқол ба Афғонистону Узбекистон барқ дорад, аммо барои истифодаи мардум дар дохил не.
Се узбекистонӣ бо гумони қатли рӯҳонии яҳудӣ боздошт шудаанд
Вазорати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ се шаҳрванди Узбекистонро бо гумони қатли Тсви Коган, хохом ё рӯҳонии яҳудӣ боздошт кардааст.
Ин Вазорат дар хабарномае рӯзи 25-уми ноябр гуфтааст, ки дар қатли рӯҳонии яҳудӣ Азизбек Комиловичи 33-сола, Олимбой Тоҳирович ва Маҳмудҷон Абдураҳими 28-соларо гумонбар медонанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ангезаи даст задани шаҳрвандони Узбекистон ба ин кушторро таҳқиқ доранд.
Хохом ё рӯҳонии яҳудӣ Тсви Коганро, ки аз соли 2020 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард, рӯзи 21-уми ноябри имсол нопадид шуд ва баъдан ҷасадашро пайдо карданд.
Коган шаҳрвандии Исроил ва Молдоваро дошт.
Дафтари сарвазир ва Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар паёми муштарак марги Коганро “амали даҳшатбори террористии зиддияҳудӣ” номиданд.
Онҳо қавл додаанд, ки Исроил барои ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон, дар ҳар ҷое ҳастанд, тамоми василаҳоро ба кор хоҳад бурд.
Оҷонси амнияти миллии Исроил ба шаҳрвандони ин кишвар маслиҳат додааст, ки муваққатан ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нараванд
Кишварҳои аврупоӣ фиристодани сарбоз ба Украинаро баҳс мекунанд
Бархе аз кишварҳои аврупоӣ эҳтимоли фиристодани артиш ё нерӯи низомӣ аз тариқи ширкатҳои хусусӣ ба ҷанг алайҳи Русия дар Украинаро баҳс мекунанд.
Нашрияи фаронсавии Le Monde бо таяк ба манобеаш навиштааст, ки бо ба сари қудрат омадани Доналд Трамп дар Амрико кишварҳои аврупоӣ тарс доранд, ки шояд ИМА дигар ба Украина кумак накунад ва ин кишвар шикаст хӯрад.
Ин нашрияи навиштааст, ки мавзӯи фиристодани сарбозонро Бритониё ва Фаронса баҳс кардаанд.
Ба гуфтаи Le Monde, гап сари ташкили нерӯи муҳофизатии муттаҳидон дар Аврупо барои кӯмак ба Украина ба хотири амният дар ин кишварҳо меравад.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки аз ин мавзӯъ хабар надоранд.
Аз ин пеш, Эмануэл Макрон, президенти Фаронса мавзуи фиристодани сарбоз барои ҷанг бо Русияро матраҳ карда буд.
Мақомоти рус ҳушдор доданд, ки агар ин кор сурат бигирад, посухи сахте хоҳанд дод. Аз ҷумла, Владимир Путин, президенти Русия ошкору ниҳон кишварҳои аврупоиро аз силоҳи ҳастаӣ тарс медиҳад.
"Истиқлол" дар Ҷоми футзали Аврупо барандаи медали нуқра шуд
Дастаи футзали «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми бози Аврупо», ки аз 21-ум то 24-уми ноябр дар шаҳри Химкии Русия доир гардид, мақоми дуюмро касб намуд.
Бозиҳо бо иштироки шаш даста дар Маркази омӯзишӣ-таълимии «Новогорск» баргузор шуданд. Тибқи натиҷаи қуръакашӣ «Истиқлол» дар гурӯҳи «Б» бо футзалбозони Беларус ва мунтахаби ҷавонони Русия қувваозмоӣ кард.
«Истиқлол» дар бозии аввали худ дар «Ҷоми бози Аврупо» тими ҷавонони мунтахаби Русияро бо ҳисоби 8:6 мағлуб намуд. Сипас дар даври дуюми мусобиқа бар тими Беларус бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардида, ба финал баромад.
Бозии ниҳоӣ, ки миёни «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва мунтахаби миллии Русия доир гашт, бо натиҷаи 1:0 ба фоидаи мизбонон ба поён расид. Ҷои сеюм насиби мунтахаби Беларус шуд, ки дастаи Сербияро шикаст дод.
Пас аз анҷоми мусобиқа маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид. Бозигари «Истиқлол» Абдуқаюм Умаров беҳтарин ҳамлагари мусобиқа эътироф шуд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми бози Аврупо»
Гурӯҳи «Б»
Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - Мунтахаби ҷавонони Русия - 8:6
Голҳои «Истиқлол»: Рустам Ҳамидов-3, Некрӯз Идиев-2, Шавкат Ҳалимов, Раҳмоналӣ Шарипов, Ҳикмат Исмоилов.
22-юми ноябр. Химки. Маркази омӯзишӣ- таълимии «Новогорск».
Даври 2-юм
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - Мунтахаби Беларус - 4:0
Голҳо: Рустам Ҳамидов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Раҳмоналӣ Шарипов,
23-юми ноябр. Химки. Маркази омӯзишӣ- таълимии «Новогорск».
ФИНАЛ
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - Мунтахаби Русия - 0:1
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Фирӯз Бекмуродов, Самариддин Шамсов, Рустам Ҳамидов, Насратшо Исмоилов, Раҳмоналӣ Шарипов, Ҳикмат Исмоилов, Некрӯз Идиев, Абдукаюм Умаров, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Шарипов.
24-юми ноябр. Химки. Маркази омӯзишӣ- таълимии «Новогорск».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамла дар Покистонро маҳкум кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон ва нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф барқияи ҳамдардӣ фиристодааст.
Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр навишт, ки номаи ҳамдардӣ дар иртибот ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон аст.
Рӯзи 23-юми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон наздики 40 нафар кушта шуданд.
"Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум мекунем",- гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба наздикони қурбониёни ҳамла ва тамоми мардуми Покистон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои комил хостааст.
Ба гузориши расонаҳои покистонӣ, дар пайи ин ҳамла 42 нафар кушта шуданд.
Гуфта мешавад, ҳамла замоне рух додааст, ки мусофирбарҳо зоирони шиъаро аз Парачинор ба Пешовар мебурданд.
Русия шаҳрвандии муҳоҷиронеро, ки савганд ёд накарданд, бекор мекунад
Вазорати корҳои дохилии Русия сар аз 23-юми ноябр, шаҳрвандии муҳоҷиронеро бекор мекунад, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, вале савганд ёд накарданд.
Ба навиштаи сомонаи расмии қонунгузории Русия, муқаррароти фармон нисбат ба шахсоне, ки то 1-уми сентябри соли 2017 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дахл надорад.
Савганд ёд кардан пеш аз гирифтани шаҳрвандӣ соли 2017 ҳатмӣ шуд, аммо муҳоҷирон метавонистанд давоми 12 моҳ ин корро анҷом диҳанд. Аммо соли 2023 ба қонунгузории он кишвар тағйирот ҷорӣ шуд, ки тибқи он, аввал бояд савганд хӯрд ва баъдан ҳуҷҷатро гирифт. Бо ин вуҷуд, бархе афрод шаҳрвандии Русияро бе савганд соҳиб шуданд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, аз ин ба баъд, аз 23-юми ноябри соли 2024 афроде, ки шаҳрвандии Русия гирифтанд, вале савганд ёд накарданд, қарорҳои қабули онҳо ба шаҳрвандии Русия беэътибор дониста мешавад.
Баъди ҳамла ба хоки Украина, дар Русия қонуни гирифтани шаҳрвандӣ таҳрир шуд ва аз мардон талаб мешаванд, ки баробари ба даст гирифтани шиносномаи русӣ, ба қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дароянд, то баъдан ба ҷанг сафарбар шаванд.
Бисёре аз талабгорони дарёфти шаҳрвандии Русияро ин дархост нигарон кардааст.
Аксар тоҷикистониҳое, ки дар фикри гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд, инро як зарурати иқтисодӣ ва маишӣ меноманд, чун имкони кору фаъолияти қонунӣ ва бетатент дар Русия фароҳам мешавад.
Бисёри онҳо барои хидмат дар артиш ё сафарбарӣ ба ҷанг (мобилизатсия), ки аз соли 2022 давом дорад, омода нестанд.
"Минтақаҳои боқимонда". Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон таъйину нишонагузории "минтақаҳои боқимонда"-и сарҳадро баррасӣ кардаанд.
Мулоқот рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд гузашт.
Тафсилот дастрас нест.
Дар хабари расмӣ танҳо гуфта шудааст, ки ба гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон "ҷиҳати идомаи кор дар ин самт" дастур дода шуд.
Маълум нест, "қитъаҳои боқимонда" ё то ин дам ҳалношудаи марз кадоманд.
Тибқи хабарҳои охирини расмӣ, 94 дарсади хати сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян шудааст.
Ду кишвар тақрибан ҳазор километр хати марз доранд. Номуайянӣ дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Шохаи "Хуросон" масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи сӯфиёнро ба дӯш гирифт
Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ рӯзи 23-юми ноябр масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи сӯфиёнро дар вилояти Бағлони Афғонистон ба дӯш гирифт.
Абдулматин Қонеъ, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии "Толибон", ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, дар ин ҳодиса, ки рӯзи панҷшанбе, 20-уми ноябр, иттифоқ уфтод, 10 нафар кушта шуданд.
Бино ба гузоришҳо, ин афрод ҳангоме ки дар зиёратгоҳи Сайидподшоҳ Оғо саргарми ибодат буданд, ҳадафи тир қарор гирифтанд.
Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) рӯзи 23-юми ноябр ҳамларо маҳкум кард ва аз “Толибон” хост, ки ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ кунад.
Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башари Афғонистон, дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки камшуморон ё ақаллиятҳои мазҳабӣ то ҳол зери таҳдиди ҷиддӣ ҳастанд. Вай афзуд, ҳамаи афғонистониҳо ҳақ доранд, ки дар сулҳу оромӣ ибодат кунанд.
Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ пас аз бозгашти “Толибон” ба қудрат дар се соли охир масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар Афғонистон бар уҳда гирифт.
Иморот: Ҷасади хохоми яҳудиро пайдо карданд
Хохом ё рӯҳонии яҳудӣ Тсви Коганро, ки аз соли 2020 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиста, рӯзи 21-уми ноябри имсол нопадид шуда буд, мурда пайдо карданд.
Мақомот гуфтанд, ӯ кушта шудааст.
Пулиси Иморот ва маъмурони иктишофии Исроил пештар фарзияи рабуда шудани ӯро баррасӣ доштанд.
Коган шаҳрвандии Исроил ва Молдоваро дошт.
Дафтари сарвазир ва Вазорати корҳои хориҷии Исроил дар паёми муштарак марги Коганро “амали даҳшатбори террористии зиддияҳудӣ” номиданд.
Онҳо қавл додаанд, ки Исроил барои ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон, дар ҳар ҷое ҳастанд, тамоми василаҳоро ба кор хоҳад бурд.
Оҷонси амнияти миллии Исроил ба шаҳрвандони ин кишвар маслиҳат додааст, ки муваққатан ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нараванд.
Зеленский гуфт, Русия дар талоши берун кардани нерӯҳо аз Курск аст
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, Русия талош дорад, ки пеш аз шурӯи кори Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, нерӯҳои украиниро аз вилояти Курск берун кунад.
Украина дар моҳи августи соли 2024 ба вилояти Курск ворид шуда, тақрибан 1400 километри мураббаъ аз қаламрави Русияро зери назорат даровард.
Трамп ваъда додааст, ки бо оғози кораш дар Кохи Сафед дар моҳи январи соли 2025 ҷангро дар Украина хотима хоҳад дод.
Маскав агар сари вақт нерӯҳои украиниро берун накунад, он вақт маҷбур хоҳад шуд, ки заминҳои дар Украина ишғолкардаашро бо Курск иваз кунад.
Зеленский гуфт, Русия то имрӯз аз ҳама бештар дар Курск талафот додааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи низомии украинӣ гуфтааст, Киев беш аз 40 дарсад замини гирифтаашро дар вилояти Курски Русия аз даст дод. "Ҳоло мо тақрибан 800 километри мураббаъро зери назорат дорем," – афзудааст ӯ.
Кушта шудани 20 нафар дар ҳамлаҳои Исроил дар маркази Бейрут
Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар маркази Бейрут, пойтахти Лубнон, камаш 20 нафар кушта шуд.
Ҳодиса рӯзи 23-юми ноябр иттифоқ уфтод.
Вазорати тандурустии Лубнон хабар дод, ки 66 каси дигар маҷруҳ гаштанд.
Ин ҳол дар замоне пеш омад, ки фиристодаи вижаи Амрико барои созиш ба поён додани даргириҳои чандмоҳа миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба минтақа рафта буд.
“Ҳизбуллоҳ” ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ, ки дар порлумони Лубнон намоянда дорад ва ҷануби ин кишвар зери назораташ аст.
Ин гурӯҳ аз ҳимояти Эрон бархурдор аст, вале Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии “Ҳизбуллоҳ”- ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон Файзи Олиро ба додгоҳ кашидааст
Додситонии кулли Тоҷикистон вакили мудофеъ Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев)-ро ба гумони "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст.
Шикояти Додситонии кулро дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ мекунанд.
Дар Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Файзи Олӣ бар асоси моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба прокурор" баррасӣ мешавад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Намояндаи Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки Файзи Олиро шаш сол зиндонӣ кунанд.
Файзи Олӣ, адвокати шинохта, рӯзи 22-юми ноябр шикояти Додситонии кулро беасос номид. Вакили мудофеъ гуфт, пас аз он нисбаташ ба додгоҳ шикоят шудааст, ки аз мавридҳои, ба қавли ӯ, фасодкории кормандони Додситонӣ ба Оҷонсии зидди фасод, Шӯрои амният ва дастгоҳи иҷроияи президент шикоят кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон расман шикояташро шарҳ надодааст, вале Файзи Олӣ мегӯяд, ин ниҳод даст доштани кормандонашро дар фасод рад карда, аризаҳои ӯро "дурӯғ" номидааст. Ӯ гуфт, бе далел ариза нанавиштааст ва ҳозир аст, дар додгоҳи бетарафона онҳоро исбот кунад.
"Дар моҳи июл бидуни огоҳ сохтани ман парванда боз карда шудааст. Фақат баъд аз як моҳ маро огоҳ карданд. Дар мурофиаи навбатӣ ман сухани ҳимоятии худро ироа мекунам ва бо далел собит мекунам, ки дурӯғ нагуфтаам. Ман дар мурофиа ҳамчун ҳуқуқшинос аз худам дифоъ мекунам,"--гуфт Файзи Олӣ.
Мурофиаи додгоҳӣ бо шикояти Додситонии кул нисбат ба Файзи Олӣ ҳафтаи оянда идома хоҳад кард.
Файзи Олӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, дар бораи кори мақомот шарҳҳо менависад.
Яке аз соҳибмулкони "Зимняя вишня" пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод шуд
Дар Русия яке аз соҳибкулкони маркази тиҷоратии “Зимняя вишня”, ки дар сӯхтори он соли 2018 даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд, пеш аз адои мӯҳлати ҷазо шартан ба озодӣ баромад.
Вячеслав Вишневский бо қарори додгоҳи ноҳиявии Томск озод шуд, чун дар як аз зиндонҳои ҳамин минтақа адои ҷазо мекард.
Аз миёни 15 маҳкумшуда барои сӯхтори пурқурбонии “Зимняя вишня” дар шаҳри Кемерово даҳ нафар пеш аз мӯҳлат озод шудаанд. Вишневскийро соли 2022 барои додани пора ба раҳбари Госстройнадзори минтақавӣ Танзила Комкова ба ҳангоми сохтмони маркази тиҷоратӣ гунаҳгор дониста ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд.
Тафтишот маълум кард, ки замони сохтмони ин марказ дар солҳои 2013-2014 Вишневский бар ивази 7 миллион рубл пора иҷозати сохтмони бесанҷишро ба даст оварда буд ва дар ин бино системаҳои зиддисӯхтор насб нашуд.
Танзила Комкова соли 2021 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Сӯхтор дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” 25 марти соли 2018 рух дод ва дар натиҷа, 60 нафар, аз ҷумла 37 кӯдак ҷон дода 147 нафар осеб дид. Аксар қурбониҳо ҳангоми сар задани сӯхтор дар дохили кинозали ин марказ банд монданд.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, вақте дар маркази савдо сӯхтор сар зад, дастикам панҷ корманди тоҷикистонии “Зимняя вишня” барои наҷоти одамон ёрӣ расониданд.
Мулоқоти сенатори амрикоӣ Стив Дейнс бо мақомоти Тоҷикистон
Сенатори амрикоӣ Стив Дейнс рӯзи 23 ноябр дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Дар ин бора сомонаи хабаргузории “Ховар” ва саҳифаи Х-и сафорати ИМА дар Душанбе хабар додаанд.
Дейнс узви Кумитаи Сенати ИМА оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ буда, дар як изҳороти ахираш аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико чун “роҳи дурусти интихобкардаи амрикоиҳо барои оянда” ситоиш кардааст.
Ба навиштаи сафорати Амрико, “дар мулоқоти пурмаҳсули сенатор Стив Дейнсу сафири ИМА Мануэл Миккаллер бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин онҳо роҳҳои амиқтар кардани ҳамкориҳо барои ҷалби тиҷорати амрикоӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд”.
Дар хабар таъкид шудааст, ки сафорати ИМА барои кӯмак дар эҷоди фазои беҳтари тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармояҳо аз ИМА ва дигар давлатҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.
Ҷузъиёти аз ин беш нашр нашудааст.
Даъвати Путин аз Раҳмон барои ширкат дар рӯзи 9 май
Сафири Русия гуфтааст, президент Владимир Путин чанд рӯз пеш ба раиси ҷумҳурии Тоҷистон Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи иштирок дар ҷашни 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро ирсол намуд.
Семен Григорев ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, ки ҷашнҳо дар Майдони сурхи Маскав рӯзи 9 маи соли 2025 барпо мешаванд. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон соли оянда раҳбарии давраии созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба ӯҳда хоҳад дошт ва мавзӯи ҷашнгирии иди ғалаба дар «сатҳи баланд» баррасӣ мешавад.
Президенти Русия Владимир Путин мавзӯи ғалаба бар фашизм дар ҷанги солҳои 1941-45-ро ба як масъалаи муҳими сиёсати дохилию хориҷиаш табдил дода, бештар нақши боризи Русияву сокинони ин кишварро барҷаста нишон додан мехоҳад.
Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо баҳои ҷонсупориҳои даҳҳо ҳазор сарбоз аз Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҳам ба даст омадааст.
Умеда Юсуфӣ: Дар паи зилзила дар Тоҷикистон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст
Нисфирӯзии шанбе, 23 ноябр дар ҳудуди Тоҷикистон зилзила ба қайд гирифта шуд.
Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе, 23 ноябр соати 13:33 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази зилзила дар 266-километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе дар сарҳад бо Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Юсуфӣ, зилзила дар 48-километри шимоли ноҳияи Лахш рух дода, дар марказ 5 балл ва ноҳияи Лахш 3 баллро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Лахш, ҳеҷ хисорот ё талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дабири кулли НАТО бо Трамп вохӯрд
Дар бораи мавзӯи гуфтугӯҳои ду раҳбар иттило хеле маҳдуд аст.
Дабири кулли НАТО Марк Рутте рӯзи 22 ноябр дар шаҳри Палм-Бичи аёлати Флорида бо президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп дидору гуфтугӯ дошт.
Дар як изҳороти мухтасари ин паймони низомӣ рӯзи 23 ноябр сухангӯи ниҳод Фараҳ Дахлаллоҳ гуфт, “онҳо масоили зиёди амниятиеро баррасӣ карданд, ки паймон бо он рӯбарӯ мебошад”.
Айни замон, НАТО дархости шарҳи хабари матбуоти Нидерландиро нодида гирифт, ки навишт, Рутте, собиқ нахуствазири ин кишвар бо ҳавопаймои ҳукуматӣ ба Флорида парвоз кард.
Руттеро бисёриҳо беҳтарин раҳбари аврупоие меноманд, ки тавонист дар давраи раёсатҷумҳурии собиқи Трамп солҳои 2017-2021 бо ӯ робитаҳои хуби корӣ барқарор кунад.