Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод номзади интихоботи президентӣ шуд. 2 ВИДЕО


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури собиқи Эрон – барои иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар ин кишвар худро сабтином кардааст. Хабаргузории расмии Эрон – ИРНА рӯзи 12 апрел навишт, ки Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамроҳ бо Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ба ситоди интихоботӣ дар Вазорати умури дохилӣ ҳозир шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҳмуди Аҳмадинажод номзади курсии Президенти Эрон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Ин хабарро бо забони русӣ ҳам бихонед

Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои панҷ сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд.

Аҳмадинажод дар ҳоле барои иштирок дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Эрон худро сабти ном кард, ки моҳи сентябри соли гузашта раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ хоста буд, то номзадиашро дар ин интихобот нагузорад. Хоманаӣ гуфта буд, “ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқабатӣ дар Эрон хоҳад шуд”.

Изҳороти Аҳмадинажод дар ҳафтаи гузашта: Ман барнома надорам, ки...

Аҳмадинажод: Барномае барои президентшавӣ надорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Худи Маҳмуди Аҳмадинжод низ рӯзи 4 апрели имсол дар шаҳри Теҳрон ва дар нахустин нишасти хабариаш дар чаҳор соли ахир гуфт, ки дар интихобот ширкат намекунад. Вай афзуд, “ман барномае барои раёсати ҷумҳурӣ надорам. Банда аз Ҳамид Бақоӣ ба унвони номзади аслӣ ҳимоят хоҳам кард.”

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад ва бояд номзадҳо аз 11 то 15 апрел сабти ном шаванд. Тайи ду рӯзи гузашта беш аз 100 нафар барои иштирок дар ин интихобот худро сабти ном кардаанд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 раиси ҷумҳури Эрон интихобот шуд ва то соли 2013 раёсати Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда дошт. Вай замоне ба курсии президенти Эрон нишаст, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои панҷ сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд.

Маҳмуди Аҳмадинажод бо Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳим Машшоӣ. Теҳрон, 12 апрели 2017
Маҳмуди Аҳмадинажод бо Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳим Машшоӣ. Теҳрон, 12 апрели 2017

Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро “афсона” ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро “мармузу торик” хонд.​ Бо ин вуҷуд, дар даврони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи бисёр баланд қарор гирифт ва ба фарқ аз раҳбарони қаблии давлати Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод тавонист, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дӯстии хеле наздик пайдо карда, равобити, ба таъбири ҳарду, “бародарона”-еро ба роҳ андозад.

Аҳмадинажоди 59-сола баъд азхотимаи раёсати ҷумҳуриаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш дар донишгоҳ дарс мегуфт.

XS
SM
MD
LG