Сӣ Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин аз ҳукуматҳои хориҷӣ даъват кард, ки ҳамкории бозро ба роҳ монанд ва "ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ"-ро ҳамчун роҳи афзоиши иқтисоди умумиҷаҳонӣ рад кунанд.
Даъвати Ҷин Пин аз 29 кишвари ҷаҳон, бо шумули кишварҳои Осиё, Аврпуо ва Африқо 15 май дар рӯзи дуюми нишасти " Як камарбанд, як роҳ" дар Пекин садо дод. Ташаббуси " Як камарбанд, як роҳ", ки ҳамчун тарҳи "Роҳи абрешим" низ маълум аст, метавонад нуфӯзи Чинро дар иқтисоди умумиҷаҳонӣ ва геополитика афзоиш диҳад.
Рӯзи 15 май Сӣ Ҷин Пин барои ибтикори тиҷоратӣ, ки бояд равобити ин кишварро бо Африқо, Осиё ва Аврпуо аз тариқи роҳи оҳан, бандарҳо, ва роҳҳои автомобилӣ таъмин мекунад, 124 миллиард доллар ваъда кард.
Пекин худро аз таблиғгарони тиҷорати озоди ҷаҳон муаррифӣ мекунад, дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо пайгирӣ аз сиёсати "Аввал Амрико", созишҳои тиҷоратиро зери суол мебарад.
Баъди шурӯи фаъолияти расмӣ ҳамчун президенти ИМА дар моҳи январ, Трамп амри берун шудан аз созишномаи Шарокати фароуқёнусиро имзо кард, ки дар аҳди Обама мавриди музокирот буд, вале аз ҷониби Конгресс ҳеҷ гоҳ тасвиб нашуд.