Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозори даҳ сол пеш гарми руҳониён сард шудааст"


Донишкадаи исломии Тоҷикистон солҳои ахир наметавонад, нақшаи қабули донишҷӯёнро пурра иҷро кунад. Коҳиши таваҷҷӯҳ ба таҳсил дар ягона муассисаи олии динӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ифротгароии динӣ мубориза карда, бархе аз муҳассилони мактабҳои динӣ низ барои тарафдорӣ аз ақидаҳои ифротӣ ба зиндон андохта шудаанд. Коршиносон мегӯянд, сард шудани бозори руҳониён ва таъсири гуруҳҳои ифротгаро ҷавононро аз дохил шудан ба Донишкадаи исломӣ низ эҳтиёткор кардааст.

Донишҷӯён асосан бахши буҷавиро интихоб мекунанд, вале миқдори ҷойи мо маҳдуд аст. Масалан, дар бахши улуми ислом – матни классикӣ мо ҳамагӣ 15 ҷойи ройгон дорем, вале барои ин ҷой 177 нафар ҳуҷҷат супориданд.

“Аз руҳоният – ба муҳосибӣ”

Қудратулло, як сокини ҷавони пойтахт, бо хоҳиши волидонаш мехост, ки дар оянда руҳонӣ шавад. Вай ният дошт, пас аз хатми синфи 9-ум барои гирифтани таҳсили динӣ ба яке аз давлатҳои арабӣ биравад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷиро маҳдуд кард ва роҳи Қудратулло низ ба хориҷа баста шуд.

Ӯ рӯзи 18-уми май гуфт, “соли 2013, вақте дар синфи 11 мехондам, мушоҳида кардам, ки дигар домуллоҳо низ мисли гузашта дар ҷомеа таъсиру нуфуз надоранд. Ҳама мегуфтанд, ки мадрасаро хатм кардӣ, дар куҷо кор мекунӣ? Бо волидон маслиҳат карда, ҳуҷҷатҳоро ба риштаи муҳосибӣ супоридам. Ҳоло дар курси 4-ум мехонам.”

Аз даст додани 200 донишҷӯ дар як сол

Қудратулло танҳо нафаре нест, ки аз нияти руҳонӣ шудан даст кашидааст. Мақомоти Маркази миллии тестии Тоҷикистон низ мегӯянд, Донишкадаи исломӣ дар феҳрасти мактабҳои таълимӣ аз рӯи иҷрои нақшаи қабул дар зинаҳои аввал ҷой надорад. Абдувосит Юлдошев, ёвари раҳбари Маркази миллии тестӣ, гуфт, “дар нахустин соли фаъолияти мо, Донишкадаи исломӣ ҳамагӣ 61 дар сади нақшаи қабули донишҷӯёнро иҷро карда буд. Ин омор дар солҳои 2015 ва 2016 мутаносибан ба 75 ва 79 боло рафтааст. Аммо бо ин ҳол нақша пурра нашудааст.”

Масъулони Донишкада мегӯянд, на танҳо нақшаи қабул иҷро намешавад, балки теъдоди донишҷӯёни онҳо тадриҷан коҳиш меёбад. Ба қавли Тоҷиддин Асомуддинзода, мудири Донишкадаи исломии Тоҷикистон, танҳо дар як соли охир теъдоди донишҷӯёни онҳо ҳудуди 200 нафар кам шуд. Мудири Донишкадаи исломӣ гуфт, як омили аслии кам омадани донишҷӯён дар маҳдуд будани ҷойҳои буҷавӣ аст.

Тоҷиддин Асомуддинзода
Тоҷиддин Асомуддинзода

“Донишҷӯён асосан бахши буҷавиро интихоб мекунанд, вале миқдори ҷойи мо маҳдуд аст. Масалан, дар бахши улуми ислом – матни классикӣ мо ҳамагӣ 15 ҷойи ройгон дорем, вале барои ин ҷой 177 нафар ҳуҷҷат супориданд. Дар ихтисоси забони хориҷӣ ва информатика барои 10 ҷойи буҷавӣ 60 нафар талабгор шудаанд”, - афзуд Тоҷиддин Асомуддинзода.

Ихтисоси дунявӣ

Дар пайи бозбинии барномаҳои таълимии Донишкадаи исломӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳоло рӯҳониёни ояндаи ин муассиса илмҳои дунявиро ҳам азхуд мекунанд. Ин як тақозои сиёсати ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, кишвар бештар ба мутахассисони ҳирфаӣ, донандагони фанновариҳову улуми дақиқ ниёз дорад.

Қаблан Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ буд.
Қаблан Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ буд.

Омӯзгорон гуфтанд, донишҳои фарогири толибилмони ин муассиса баъдан муттахассисонро дар масъалаи пайдо кардани ҷойи кор дучори мушкил намекунад. Аз ҷумла, ба ҷойи танҳо ихтисоси забони арабӣ ҳоло арабӣ ва информатика, ба ҷои танҳо улуми Қуръонӣ ҳоло иловатан мероси хаттиро меомӯзанд. Инчунин, ихтисоси “Улуми ислом” ба ихтисоси “Улуми ислом ва матни классикӣ” табдил дода шуд. Асомуддинзода мегӯяд, аз ин ҳисоб доираи ихтисоси донишомӯзон ҳам васеътар мешавад.

“Бозори руҳониён сард шуд”

Гуфтан мумкин аст, ки бозори даҳ сол пеш гарми руҳониён акнун сусттар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар амри таҳкими назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ дар кишвар, ҷилавгирӣ аз тақвияти ақидаҳои ифротӣ ва роҳ ёфтани андешаҳои ба гуфтаи онҳо “бегонаи мазҳабӣ” ва “зиёновар ба амнияту суботи ҷомеа”, маъракаи сартосарии бозгардони донишҷӯёнро аз муассисаҳои хориҷии динӣ ба роҳ монд. Ин маърака соли 2010 шурӯъ шуд ва дар фурсати чанд соли баъдӣ мақомот гуфтанд, наздики 3500 нафарро аз хориҷ ба Тоҷикистон баргардонданд.

Як қисми онҳо дубора ба кишварҳои арабӣ баргаштанд. Мақомот таҳсили онҳоро ба хотири адами мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон “ғайрирасмӣ” меноманд.

Донишкадаи исломӣ ягона муассисаи динии олӣ дар кишвар аст. Давоми 8 соли ахир тамоми мадрасаҳо дар Тоҷикистон, ки ба омӯзишӣ илми динӣ машғул буданд, бо сабаби дарёфт накардани иҷозатнома дарҳои худро бастанд. Ягона гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон низ бо сабаби набуди бино дар соли 2015 фаъолияти худро бисёр маҳдуд кард ва ҳоло танҳо хонандагони синфҳо 10 ва 11 дар он таҳсил доранд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, 5-10 сол пеш талабот ба руҳониён дар Тоҷикистон зиёд буд ва аҳолӣ низ талош мекарданд, ки фарзандонашон руҳонӣ шавад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, “ҳоло вазъ тамоман дигар шуд ва талабот ба руҳониён камтар шуд. Аз дигар тараф назорат аз болои кори руҳониён сахттар шуд. Барои ҳамин онҳо намехоҳанд ин корро кунанд. Яъне гуфтан мумкин аст, ки бозори даҳ сол пеш гарми руҳониён акнун сусттар шудааст.”

Як ҳамсуҳбати дигари мо мегӯяд, баъд аз фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав ва пайвастани бештар аз ҳазор ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ҷомеаи кишвар то ҷое динҳарос шудаанд. Инчунин, бо иттиҳоми гароиш ба созмонҳои мамнуъ боздошт шудани теъдоди зиёде дар Тоҷикистон, аз ҷумла фарзанди руҳониён аҳолиро аз фиристодани ҷавонон ба таҳсил ба мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ эҳтиёткор кардааст.

XS
SM
MD
LG