Аз эҳтимоли роҳандозии ду ҳамлаи террористӣ дар вилояти Суғд ҷилавгирӣ шудааст.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 27-уми июл дар ноҳияи Шаҳристон гуфт, ки дар як маврид шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ қасд доштанд, иншооти муҳимро дар Тоҷикистон битарконанд.
Генерал Назарзода гуфт, ки яке аз ин ҳамлаҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигаре дар Истаравшан “тарҳрезӣ шуда буд”. Ӯ афзуд, “дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шаҳрвандони давлатҳои дигари хориҷӣ мехостанд, амалиёти террристӣ роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора бо иттиҳоми қасди роҳандозии амалиёти террористӣ парванда боз намудем.”
Сардори Раёсати умури дохилии Суғд гуфт, дар ин робита як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо номи Шерзод Нормамадов дастгир карда шуд ва ҳамчунин бо дархости онҳо мақомоти яке аз кишварҳои ҳамсоя 4 шаҳрванди худро дастгир намудааст.
Ба гуфтаи Шариф Назарзода, дар мавриди дуюм дар Истаравшан гурӯҳе қасд дошт нисбат ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалҳои террористӣ анҷом диҳад, ки ба қавли ӯ ошкор ва як нафари онҳо дастгир ва силоҳҳояш мусодира гардид.