Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар бораи Қодиров ва Мянмар: Ихтилофе вуҷуд надорад


Қодиров дар намоиши эътирозии Чеченистон хушунатҳои Мянмарро маҳкум кард
Қодиров дар намоиши эътирозии Чеченистон хушунатҳои Мянмарро маҳкум кард

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки дар суханҳои раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар робита бо вазъи Мянмар “ҳеҷ нишонаи ихтилоф”-ро намебинад. Путин, ки дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри чинии Сямен суханронӣ мекард, гуфт, ки “ҳар шахс ба баёни фикру андешаи шахсиаш ҳақ дорад ва муҳим нест, ки чӣ мақом дорад”. Путин дар поёни нишасти БРИКС – кишварҳои иқтисодашон дар ҳоли рушд сӯҳбат мекард. Вай гуфт, “ин чиз марбут ба раҳбарони минтақаҳои Русия низ ҳаст. Бовар кунед, раҳбари Чеченистон ҳеҷ амале накардааст, ки ҳамчун мухолифат арзёбӣ шавад”, гуфт ӯ.

Путин ҳамаро ба оромӣ даъват кард ва гуфт, ки чанде пеш Русияву Миср зидди ҳама гуна хушунат дар Мянмар изҳори назар карда аз мақомоти ин кишвар даъват карданд, ки вазъро таҳти назорат дарорад.

Эътироз дар Чеченистон
Эътироз дар Чеченистон

Рӯзи 3 сентябр дар назди сафоратхонаи Мянмар дар Маскав як эътирози чандинҳазорнафарае баргузор шуд ва ширкатдорони аслии он мусалмонони сокини пойтахти Русия буданд. Дар талаби эътирозгарон хатми куштори мусалмонҳои Мянмар садо дод. Бо ин вуҷуд, ки ин намоиши эътирозӣ бидуни иҷозат баргузор шуд, ҳеҷ нафаре аз даҳҳо ходимони полис монеи он нашуданд. Бовар меравад, ки ин мардум баъди як даъвати президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ба ин ҷо омада буданд. Қодиров дар як навиштаҷоташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, “агар Русия шайтонҳоеро, ки ин ҷиноятҳоро содир мекунанд, пуштибонӣ кунад, ман зидди мавқеи Русия ҳастам, чунки дар ин замина назари дигар дорам”.

Як митинги эътирозии серҷамъияти дигаре зидди хушунатҳо дар Мянмар рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Грознии пойтахти Чеченистон ҳам доир шуд. Полиси Чеченистон гуфт, ки шумори онҳо то як миллион нафар мерасид.

Каме баъдтар вақте Русия расман ҳаводиси Мянмарро маҳкум кард, Қодиров худро “як сарбози содиқ” номида Путинро ташаккур кард ва гуфт, ки ҳарфҳои ӯ набояд таҳриф шаванд.

Тибқи гузоришҳо аз Мянмари аксаран бутпараст, дар натиҷаи бурузи хушунатҳои миёни шӯришиён ва артиши ҳукуматии рӯзи 25 август, 400 нафар кушта шудаанд. Аксар намояндаҳони қавми роҳинҷаи мусалмонтабор ба самти Бангладеш фирор мекунанд ва мегӯянд, ки аз ҷони худ ва фарзандонашон ҳарос доранд.

XS
SM
MD
LG