Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернатҳои Тоҷикистон дигар кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. ВИДЕО


Мактаб-интернатҳои Тоҷикистон дигар кӯдакони “зиндаятим”-ро қабул намекунанд. Аксари ин муассисаҳо, ки то чанд моҳи пеш пур аз кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, модарони танҳо, фарзандони муҳоҷирону маҳбусон буданд, ҳоло танҳо ятимони кулл ва нимаятимҳоро ба тарбия фаро мегиранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Интернатҳои Тоҷикистон дигар кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Ба Фаризаи 15-сола, ки аз гурӯҳи кӯдакони зиндаятим аст, ба таври истисноӣ ва ба хотири онки ки имсол мактабро хатм мекунад, иҷоза доданд дар мактаб-интернат бимонад. Ӯ яке аз хонандагони фаъоли ятимхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе аст. Ба гуфтаи муррабияҳо, Фариза 400 китоби бадеӣ хондааст ва довталаби роҳхати таҳсил ба хориҷи кишвар аст.

Писарамро аз яксолагӣ ва духтарамро аз дусолагӣ ба хонаи кӯдакон мондаам. Худам кор мекунам. Метарсидам, ки фарзандон танҳо дар хона бетарбия ва ҷинояткор нашаванд

Тангдастӣ ва бесарпаноҳии модар Фариза ва бародарашро чанд соли пеш ба ятимхона овард. Ин наврас рӯзи 5-уми декабр гуфт, мисли ҳар кӯдаки дигари парваришгоҳ орзуи зиндагӣ дар хонаводаи худ ва дар канори модарро дорад, аммо дарк мекунад, ҳоло барояш парваришгоҳ беҳтар аз кулбаи тангу торики модар аст. “Ҳамеша мехоҳам, дар назди модар бошаму меҳри ӯро бештар эҳсос кунам. Аммо шароит нест. Модарамро ҳам мефаҳмам ва шукр мекунам, ки модарам аз ман дур ҳам бошад, зинда аст", - афзуд ӯ.

Идимоҳ
Идимоҳ

Ба фарқ аз Фариза, бародари ӯро ба оила ва назди модар баргардонданд. Идимоҳ, модари Фариза, дар як гӯшаи шаҳр, дар кулбаи худсохте, ки имкони ғунҷоиши танҳо як нафарро дорад, зиндагӣ мекунад. Идимоҳ мегӯяд, пас аз зиндагӣ ва таҳсил дар мактаб-интернат писараш нахост барои таҳсил ба мактаби оддӣ равад. Модар маҷбур шуд, ӯро ба як таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бибарад, то дигарбора ба ятимхона баргардонда шавад.

“6 моҳе, ки ӯро ҷавоб доданд, дар хона буд. Намебаромад. Ба мактаб бурда мондам, нахонд. Зимистон дар инҷо умуман зиндагӣ карда намешавад", - нақл кард ӯ.

Идимоҳ мегӯяд, барои ӯ ҷудо кардани фарзандон аз худ осон нест. Вале зиндагӣ дар чунин шароит барои ояндаи кӯдаконаш таъсири бад дорад. Ӯ гуфт, “писарамро аз яксолагӣ ва духтарамро аз дусолагӣ ба хонаи кӯдакон мондаам. Худам кор мекунам, майдафурӯшӣ мекунам. Тамоми рӯз дар кор. Метарсидам, ки фарзандам танҳо дар хона бетарбия ва ҷинояткор мешаванд. Аз сӯйи дигар дар ин шароити хонаи ман намешавад кӯдакро солим ба воя расонд”.

Ҷамолиддин Амирхонов
Ҷамолиддин Амирхонов

Маҳдудият дар қабули кӯдакону наврасон ба ятимхонаҳо аксар модарони камбизоату танҳоро нигарон кардааст. Аз моҳи сентябри соли равон тибқи қарори ҳукумат, дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти мактаб-интернатҳо ва минбаъд хотима додан ба таҳсил дар ин муассисаҳо, дари аксар ятимхонаҳо ба рӯи кӯдакону наврасон аз оилаҳое чун Идимоҳ камбизоат баста шуд. Аксари ин кӯдакон ҳам ба мактабҳои маъмулӣ ва оилаҳои худ ва ё ба мактаб-интернати рақами 4 - ягона муассисае, ки атфоли камбизоату бепарасторро ба тарбия мегирад, фиристода шудаанд.

Масъулини мактаб-интернатҳо мегӯянд, ин тасмим барои ба муҳити оила ва дар оғӯши волидон тарбия ёфтани кӯдакон гирифта шудааст. Мактаб-интернати рақами 1 дар пойтахт то чанд моҳи пеш 600 шогирд дошт. Ҳоло дар ин ҷо 300 нафар таҳсил ва зиндагӣ доранд.

Ҷамолиддин Амирхонов, мудири мактаб-интернати шумораи 1 барои кудакони ятим, мегӯяд, “ҳарчанд дар интернатҳо давлат ҳамаи шароитро муҳайё кардааст, мо тарафдори онем, ки кӯдак дар муҳити оила ба тарбия фаро гирифта шавад.”

Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 73 ятимхона фаъол аст, ки то се моҳи пеш беш аз даҳ ҳазор хонандаро ба тарбия фаро гирифта буданд. Масъулини ятимхонаҳои Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳар тарбиягирандани ин муассисаҳо дар як рӯз 10 сомонӣ ҷудо мешавад. Аксаран ин парваришгоҳҳоро сохторҳои давлатӣ ва ё соҳибкорону афроди хайрхоҳ бо ғизо, либос ва таҷҳизот таъмин мекунанд.

Фариза
Фариза

Бино ба як гузориш “Оид ба риояи эъломияи ҳуқуқи кӯдак”, ки аз сӯйи созмонҳои кор бо кӯдакон соле пеш таҳия шуда буд, аз шумори умумии наврасоне, ки дар ятимхонаҳо тарбия мегиранд, танҳо 304 нафар ятими кулл ва ҳудуди 3 ҳазор нафар нимаятиманд, боқии кӯдакон зиндаятим, дақиқтараш онҳое ҳастанд, ки волидонашон дар қайди ҳаётанд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, оилаҳои камбизоат модарони танҳо, хонаводаҳои муҳоҷирон ва волидони атфоли маълул тарбияи фарзандони худро ба сарпарастии давлат месупоранд.

Гуфта мешавад, раванди фарогирии кӯдакони оилаҳои камбизоату носолим дар Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва афзоиши муҳоҷират авҷ гирифт. Дар ин солҳо аксар волидоне, ки дар таълиму тарбияи фарзанд мушкилӣ мекашиданд, ба интернат супурдани онҳоро ягона роҳҳал медонистанд. Ба гуфтаи бархе аз муррабияҳо агар як омил тангдастии оилаҳо ва набуди сарпаноҳ бошад омили дигари ба ятимхона супурдани кӯдакон, ноогоҳӣ аз таъсири манфии дур аз хона ба воя расидани кӯдак аст.

Манзиле, ки Идимоҳ зиндагӣ дорад
Манзиле, ки Идимоҳ зиндагӣ дорад

Фотима Амриддинова, муовин оид ба тарбия дар мактаб-интернати рақами 1 мегӯяд, бархе аз волидон аслан ҳафтаву моҳҳо ба дидори фарзандони худ намеоянд.

“Дар фаъолияти корӣ бисёр волидонеро вохӯрдем, ки кӯдакро монда муҳоҷират меравад. Ё ҳастанд нафароне, ки кор мекунанд ва мехоҳад кӯдак дар муҳити интернат бошад. Мегӯянд, ман вақт надорам ва то рӯзи шанбе кӯдакро ҳамин ҷо мемонам. Онҳо намедонанд, ки ҳар қадар кӯдакро аз худ дур кунанд, ҳамон қадар ба зарари худи онҳо хоҳад буд. Волидон мехоҳанд ҷавобгариро аз сари худ дур кунанду ба интернат гузоранд.”

Як ҳуқуқшиноси созмони “Лигаи занони ҳуқуқшинос” мегӯяд, дар чанд моҳи ахир 5 модар ба ӯ барои кӯмак дар баргардонидани фарзандонашон ба мактаб-интернат муроҷиат кардаанд. Ин модарон, ки ба гуфтаи ҳуқуқшинос аз шавҳар ҷудо шуда тавони ба танҳоӣ тарбияи фарзандро надоранд, аз он шикоят кардаанд, ки фарзандонашонро аз мактаб-интернатҳо берун шудаанд. Худи масъулини ятимхонаҳо ҳам мегӯянд, волидон мантиқи қарору низомномаи нави ин муассисаҳоро дарк крадан намехоҳанд. Фотима Амриддинова гуфт: “Онҳо баъди хориҷ шудани фарзандашон аз мактаб-интернат ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд, ки дар кадом фарзанди моро хориҷ мекунанд. Мо қарору низомномаро нишон медиҳем, вале онҳо намефаҳманд. Мегӯянд, мо шароит надорем ва мехоҳем фарзандам инҷо тарбия гирад”.

Фирӯз Баротов
Фирӯз Баротов

Мақомот мегӯяд, ҳоло як парваришгоҳ – мактаб-интернати рақами 4 дар Душанбе иҷозаи қабули кӯдакони камбизоату бепарасторро дорад. Вале ин муассиса имкони фарогирии танҳо 300 кӯдакро дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулини ин мактаб мегӯянд, баъди берун овардани ин гурӯҳи кӯдакон аз ятимхонаҳои дигари кишвар, талабот ба муассисаи мазкур чанд баробар афзудааст.

Фаъолони ҳуқуқи кӯдак ҳам ҷонибдори дар муҳити оила бузург шудани кӯдакон ҳастанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба воқеиятҳои Тоҷикистон, бар инанд, ки пазируфта нашудани кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба ятимхонаҳо метавонад паёмадҳои нохуши дигар дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, бо маҳрум шудан аз муроқибати давлат, онҳо метавонанд дар шароитҳои хеле бади хонавода ва дур аз таълиму тарбия монанд.

Фирӯз Баротов, ки ба пажӯҳиш ва таълими ҳуқуқи кӯдак машғул аст, мегӯяд: “Бо назардошти таҷриба аз омӯзиши рӯзгори кӯдакон метавонам бигӯям, ки агар бидуни ба даст гирифтани ягон иқдом онҳо ба оила баргарданд, хатари афзоиши кӯдакони коргар дар бозор, кӯдакони ҷинояткор ва ҳатто эҳтимол мисли 15 соли пеш ба бозори фаҳш ҷалб шудани кӯдакони ноболиғ ҳам зиёд шавад”.

Ба гуфтаи масъулин, ба оҳистагӣ бояд ятимхона ё мактаб-интернатҳо дар кишвар пурра баста шаванд. Кӯдакони ятим бояд ба наздикони худ баргардонда шаванд ё ба фарзандхонӣ дода шаванд.

Ба гуфтаи Фирӯз Баротов, кӯдаконро танҳо дар сурате бояд ба оила баргардонд, ки ба хонаводаҳои онҳо имтиёзҳои мухталиф пешниҳод ва амалан дар пешбурди зиндагӣ кӯмак расонида шавад.

Дар зимн дар гузориши Созмони кор бо кӯдакон “Оид ба риоя шудани конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон” ҳам тавсия шудааст, ки мавридҳои ба мактаб-интернат гузоштани кӯдакон ба далели камбизоатии волидон коҳиш дода шавад. Аммо таъкид шудааст, ба ҷои нигоҳубини онҳо дар ятимхона ба ин хонаводаҳо дар алоҳидагӣ кӯмак расонида шавад.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи масъулин, дар кишвар ба оҳистагӣ бояд ятимхона ё мактаб-интернатҳо пурра баста шаванд. Кӯдакони ятим бояд ба наздикони худ баргардонида шаванд ва ё ба фарзандхонӣ дода шаванд.

Дар зимн, ба гуфтаи масъулин дар солҳои ахир, пур будани интернат ё ятимхонаҳо аз кӯдакони оилаҳои камбизоату носолим ба раванди фарзандхонӣ ҳам мушкил эҷод мекард. Чун ин гурӯҳи кӯдакон бошандагони муваққатии хона-интернатҳо ҳастанд ва волидон бо умеди рӯзе беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва бо худ гирифтани фарзандон аз онҳо даст накашидаанд.

Бинобар ин, тибқи қонун, онҳо ба фарзандхонӣ ҳам дода намешуданд.

XS
SM
MD
LG