Ба дунболи пахши хабарҳо дар бораи тағйирот дар баъзе бонкҳои Тоҷикистон ва гуфтугузор дар бораи дахолати Бонки Миллӣ дар ин дигаргуниҳо, мақомот гуфтанд, ки дар ин қазия ҳеҷ рабт надоранд. Як мусоҳиби мо дар Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфт, “ин тағйирот бо қарори Шӯрои нозирони бонкҳои мустақил ва созмонҳои қарздиҳӣ сурат мегирад”.
Тағйирот дар бонкҳо ва сарусадо дар бораи идомаи “ротатсия” дар баъзе аз созмонҳои қарздиҳӣ ҳамчунон ба раҳбари бузургтарин ташкилоти қарзии кишвар – “Имон интернешнл” – рабт мегирад
Ҳамсуҳбати мо афзуд, онҳо фақат тавсия додаанд, ки дар бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ “ротатсия” ё ҷойивазкуни роҳбарон сурат бигирад, то карахтӣ ба вуҷуд наояд. “Бо иваз шудани мақомҳои бонк фикри тоза ва ташаббусҳои нав ба миён меояд. Иваз шудани раҳбар ба кормандони оддии бонк ҳеҷ таъсир нахоҳад дошт, онҳо ба кори маъмулии худашон идома медиҳанд. Ҳарфи охирро дар ин замина боз ҳам Шӯрои нозирони бонк мезананд, на мо”, - афзуд ӯ.
Дар дафтари матбуоти Бонки Миллӣ рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди он ки Шӯрои нозирон қарори таъини роҳбари навро содир мекунад, барои мувофиқа ба Бонки Миллӣ хоҳад фиристод.
Тағйирот дар бонкҳо ва сарусадо дар бораи идомаи “ротатсия” дар баъзе аз созмонҳои қарздиҳӣ ҳамчунон ба раҳбари бузургтарин ташкилоти қарзии кишвар – “Имон интернешнл” – рабт мегирад, ки ин масъулиятро Гулбаҳор Маҳкамова бар уҳда дорад. Бонки Миллӣ мегӯяд, то ҳол чунин як тағйироти кадрӣ дар бонкҳои “Эсхата” ва “Спитамен-бонк” сурат гирифтааст.
Ҳанӯз маълум нест, дар “Эсхата” ба ҷои Хуршед Носирови муассис ва саҳоми бонк чӣ касе интихоб мешавад. “Спитамен-бонк” расман эълон кард, ки ба ҷойи роҳбари пешин Ниёзмурод Саидмуродов - Наврӯз Самандарзодаи 26-сола таъйин карда шуд.
Таҳаввулоти ахир дар арсаи бонкии Тоҷикистон пас аз ироаи паёми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон сурат мегирад. Раиси ҷумҳур дар ин паём шеваи кори бонкҳоро дар кишвар ба боди интиқод кашида гуфт: “Бонкҳо ба як тормози рушди иқтисод табдил шудаанд”. Дар идома президент ба мақомот дастур дод, ки як барномаи таҷдиди бонкҳоро дар кишвар роҳандозӣ кунанд.
Муассисаи “Имон интернешнл”, ки соли 1999 арзи ҳастӣ кардааст, яке аз ташкилоти қобили эътимод ва мувваффақи молӣ ба ҳисоб меравад, ки аз пуштибонии шарикони байналмилалӣ бархӯрдор аст ва дар шӯрои нозиронаш намояндагони муассисаҳои хориҷӣ шомил ҳастанд. Бо шурӯи кор ба ҳайси як барномаи иҷтимоӣ соли 2008 ин ширкат ба ҳайси ташкилоти хурди молиявӣ фаъолияти худро идома дод. Дар оғози таъсисаш сармояи оиинномавии “Имон интернешнл” 100 миллион сомонӣ буд. “Имон Интернешнл” айни замон бо муҷаввизи Бонки Миллӣ ҳуқуқи ҷалби амонатҳои мардумро низ дорад.
Рӯзи 11-уми январ дар қароргоҳи ин ташкилот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фаъолияти муассиса ба мисли пешина идома хоҳад ёфт. Антон Усов, сухангӯи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), яке аз саҳомони “Имон интернешнл” аст, ки намояндааш вориди шӯрои нозирон мебошад. Ин ниҳоди байналмилалӣ дар интихоби раҳбарияти бонк саҳм дорад.
Усов гуфт, “бонк 13,86 дарсади саҳмияҳои “Имон интернешнл”-ро дар ихтиёр дорад. Аммо БАТР масъалаҳои ба ин монанди кадриро баҳс ё, баррасӣ намекунад”. Антон Усов гуфт, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд нақши “Имон интернешнл”-ро дар маблағгузории корхонаҳои хурд ва миёна мусбат арёзбӣ мекунад.
Дар миёни саҳомони байналмилии ин муассисаи молӣ ташкилоти хурди қарзии Triple Jump (Ҳолланд) ва ташкилоти хурди молиявии Alternative Fund (Люксембург) низ мебошанд.