Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо муҳоҷири озими Русия аз сардиҳои Қазоқистон ҷон ба саломат бурданд


Мусофирбари Оқтеппа
Мусофирбари Оқтеппа

Пулиси вилояти Павлодари Қазоқистон даҳҳо мусофирро, ки автобуси онҳо дар мавзеи дур аз марказ вайрон шуда буд, аз сардӣ наҷот доданд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллии Қазоқистон, ин автобус 55 шаҳрванди Узбекистонро бояд ба Русия мебурд. Кормандони Департаменти умури дохилии Павлодар автобусро дар наздикии деҳаи Достик пайдо карданд.

Онҳо мусофиронро ба бинои мактаби деҳа интиқол дода, бо ҷою ғизои гарм таъмин карданд. Сипас муҳоҷирони Узбакистонро ба воситаи автобуси дигар то марзи Русия расонданд.

Аз аввали соли равон бори севум аст, ки дар ҳудуди Павлодар автобусҳо вайрон мешаванд ва мусофирони онҳоро ба ҷойҳои гарм интиқол медиҳанд. Дар ҳамаи ҳолатҳо ба шаҳрвандони хориҷие кумак расонида мешавад, ки ба воситаи Қазоқистон ба кишвари севум сафар доранд.

XS
SM
MD
LG