Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи шинохта ва падари Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ дар 76-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Хосият Ёрова – хоҳари Бузургмеҳр Ёров – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш рӯзи 4-уми март дар хонаашон, аммо дур аз фарзандон, ҷон додааст.
Равшани Ёрмуҳаммад гуфта буд, ки дар тасвираш шоҳ Маҳмуд як ҷоҳталабу хунхор аст, аммо нагуфт, ба чӣ сабаб ба ин мавзӯъ рӯ овард.
"Одам ҳамин қадар фарзанд дорад, аммо дур аз онҳо, дар дасти ҳамсояҳо ҷон дод. Хонаамон дар наздикии СИЗО-и пойтахт ҷойгир аст, дар ҳамонҷо даргузашт. Як рӯз қабл занг зада буд ва фақат оромии моро мехост. Чизеро пай бурда буд", - гуфт ӯ.
Хосият Ёрова афзуд, ҷасади падарашро барои дафн аз Душанбе ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, ҷое, ки дар онҷо бузург шудааст, интиқол додаанд: "Дар Душанбе дигар кӣ дорем? Ҳамаи наздикон, хешу ақрабо дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд. Барои ҳамин, бурданд, то дар онҷо дафн кунанд".
Бузургмеҳр Ёров, писари бузурги хонаводаи Равшани Ёрмуҳаммад аз соли 2015 боз дар ҳабс аст. Ҷамшед Ёров ва хоҳараш Хосият Ёрова низ ба далели таъқиб ва фишор тақрибан ду сол пеш кишварро тарк карда, дар хориҷа қарор доранд.
Хосият Ёрова гуфт, ки падараш аз ҳеч беморӣ ранҷ намебурд, аммо солҳои охир қазияи Бузургмеҳр ва ба дунбол ҷудоӣ аз фарзандони дигар ӯро "аз пой афтонд".
Худи Равшани Ёрмуҳаммад моҳи декабри соли 2016 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз замони боздошти писараш Бузургмеҳр Ёров дар хонае ба танҳоӣ зиндагӣ дорад ва саҳифаҳои охирини романи "Маҳмуди Ғазнавӣ"-ро менависад. Ӯ гуфта буд, дар тасвираш шоҳ Маҳмуд як ҷоҳталабу хунхор аст, аммо нагуфт, ба чӣ сабаб ба ин мавзӯъ рӯ овард.
Видео аз бойгонии Озодӣ: Гуфтугӯ бо Равшани Ёрмуҳаммад
Падари Бузургмеҳр Ёров гуфта буд, баъд аз боздошту зиндонӣ шудани писараш сари калобаи зиндагии онҳо низ гум шуд ва рӯзи ӯ дар хонаи, ба қавли худаш, холӣ ба сахтӣ мегузарад.
Бузургмеҳр Ёров дар пайи ду ҳукми додгоҳ дар моҳи октябри соли 2016 ва моҳи марти соли 2017, дар маҷмӯъ, ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Вакили дифои парвандаҳои пурсарусадои сиёсӣ, ки баъди эълони омодагии ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 боздошт шуд, бо вуҷуди даъватҳои батакрори ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар ҳанӯз дар зиндон аст.
Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи тоҷик, моҳи январи соли 1942 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шуда, баъдан хонаводааш ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ кӯчидааст. Ӯ соли 1991 сардабири маҷаллаи “Тоҷикистон” буд. Аз соли 1998 то соли 2003 ба ҳайси муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон кор кардааст. Як муддат мушовири бахши робитаҳои байналмаллии ҳамин созмон буд.
Равшани Ёрмуҳаммад муаллифи китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, “Асҳоби Каҳф. Рӯҳ”, “Достони Қорун. Данонир”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” аст.