Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати Субҳон Сафиаллоев, раҳбари коммунистҳои пойтахтро "бо сабаби содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ" пеш аз муҳлат қатъ намуд. Абдумаҷид Ҳакимзода, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари Сафиаллоев ваколати ду нафари дигарро низ қатъ карданд.
Қатъи ваколат, баъди иттиҳоми Оҷонси зиддифасод
Масъулони "Тоҷикаэронавигатсия" аз хазина 12 ҳазор сомонӣ дода, сипас ба Асадулло Раҳмон гуфтаанд, ки супоришашро иҷро карданд...
Ба қавли ӯ, "дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе ваколати Шаҳноз Раҳматуллозода бинобар таъйин шудан ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, Шоҳ Давлатов бо сабаби иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар, қатъ карда шуд."
Ваколати Субҳон Сафиаллоев дар Маҷлиси шаҳри Душанбе дар ҳоле пеш аз муҳлат қатъ шуд, ки қаблан маъмурони Оҷонси зиддифасод ӯро ба қаллобӣ муттаҳам намуданд. Мақомоти Оҷонсӣ гуфтанд, ки ӯ худро мушовири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон, муаррифӣ карда, аз корхонае 12 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Истифода аз номи Асадулло Раҳмон
Як манбаъ дар Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Сафиаллоев дар яке аз рӯзҳои моҳи ноябр ба телефони мудири Корхонаи "Тоҷикаэронавигатсия" занг зада, худро мушовири "Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо» муаррифӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, нафаре ҳамсарашро бояд ҷарроҳӣ кунад ва ба маблағ ниёз дорад. Ба ӯ рақами телефони дастии худашро ҳамчун нафаре, ки ба пул ниёз дорад, дода гуфтааст, 12 ҳазор сомонӣ бояд гузаронда шавад.
Баъдан, худаш ба Корхонаи "Тоҷикаэронавигатсия” рафта гуфтааст, ӯ ҳамон нафари эҳтиёҷманд аст. Масъулони “Тоҷикаэронавигатсия” ба ӯ 12 ҳазор сомонӣ дода, сипас ба Асадулло Раҳмон гуфтаанд, ки супоришашро иҷро карданд. Ба гуфтаи манбаъ, Асадулло Раҳмон аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, супориш додааст, ки ба мақомот муроҷиат кунанд.
"Ҳодисаи аввал нест"
Пас аз муроҷиат Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе боздошт шуд ва феълан нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 1, яъне «қаллобӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 12 то 18 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳдуд кардани озодӣ ба муддати то 3 солро пешбинӣ мекунад.
То ҳол назари Субҳон Сафиаллоев дастрас нест. Як нафаре, ки ӯро мешиносад, гуфт, воқеан ҳам он шабу рӯз ҳамсараш бемор буд, вале аз тафсилоти ин ҳодиса хабар надорад.
Истифода аз номи мақомҳои баландпоя дар Тоҷикистон борҳо рух додааст. Соли 2015 Оҷонсии мубориза бо фасод Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалиро боздошт кард, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз як нафар 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд.
Зимнан, Субҳон Сафиаллоев, аз коммунистони фаъол буд ва раҳбарии созмони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо дар чанди соли ахир бар дӯш дошт. Ҳамчунин дар чанд даври фаъолияти Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ба намояндагӣ аз ҳизби коммунист вакил интихоб шудааст.